Заҳролудшавии 14 нафар кӯдакон аз хот-дог дар Душанбе

Пас аз истеъмоли хот-дог дар яке аз нуқтаҳои фурӯши тезтайёри пойтахт дар мавзеи назди Профсоюз 14 нафар кӯдакон бо аломатҳои “илтиҳоби шадиди меъдаву рӯда” дар Беморхонаи ҷумҳуриявии сироятӣ бистарӣ шудаанд. Дар Хадамоати назорати давлатии эпидемиологии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки кӯдакон бо чунин аломатҳои беморӣ пас аз истеъмоли […]

Пас аз истеъмоли хот-дог дар яке аз нуқтаҳои фурӯши тезтайёри пойтахт дар мавзеи назди Профсоюз 14 нафар кӯдакон бо аломатҳои “илтиҳоби шадиди меъдаву рӯда” дар Беморхонаи ҷумҳуриявии сироятӣ бистарӣ шудаанд.

Дар Хадамоати назорати давлатии эпидемиологии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки кӯдакон бо чунин аломатҳои беморӣ пас аз истеъмоли хот-дог, ки дар нуқтаи фурӯши мавзеи Яккачинор онҳоро харидаанд, ба бемористон оварда шудаанд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, нисфи кӯдакон аллакай аз бемористон рухсатӣ шуда, боқимонда табобат мегиранд ва вазъи солии онҳо муътадил арзёбӣ мешавад. “То бегоҳ онҳо ҳам ҷавоб дода мешаванд ва сабабе барои ташвишу нигаронӣ нест”, – хабар доданд дар Хадамоти ноҳиявӣ.

Таъкид шуд, ки дар ин нуқтаи фурӯши тезтайёри маҳсулоти ғизойӣ дар кӯча шароитҳои санитарӣ ҷавобгӯи талабот набуда, айни замон нуқта муваққатан баста ва намунаи маҳсулот дар озмоишгоҳ санҷида мешавад.

“Пас аз 48 соат натиҷаҳо муайян гардида, маълум хоҳад шуд, ки дар маҳсулот маҳз кадом сироят ҷой дошт ва ба заҳролудшавии кӯдакон боис гардид”, – хабар доданд дар Хадамоти назорати давлатии эпидемиологӣ.

Зимнан зикр шуд, ки баъди муайян шудани натиҷаҳо нисбати молик ва фурӯшандаи ин нуқта чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.