Ҷаримаи омӯзгорони Суғд барои ба дарсҳо ҳозир нашудани шогирдон

Омӯзгорони мактаби таҳсилоти умумии №34 ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо қарори суди маҳаллӣ барои ба дарсҳо ҳозир нашудани шогирдонашон ҳар кадоме ба маблағи 220 сомонӣ ҷарима шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон. Муаллимаҳои ин мактаб Матлуба Раҳматуллоева ва Файзулло Файзуллоев мутобиқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (Аз тарафи падару модар ё […]

Омӯзгорони мактаби таҳсилоти умумии №34 ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо қарори суди маҳаллӣ барои ба дарсҳо ҳозир нашудани шогирдонашон ҳар кадоме ба маблағи 220 сомонӣ ҷарима шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Муаллимаҳои ин мактаб Матлуба Раҳматуллоева ва Файзулло Файзуллоев мутобиқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (Аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани ўҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи ноболиғон) ҷазо гирифтаанд.

Гуфта мешавад, чор нафар шогирдони М.Раҳматуллоева ба сурати умум дар 970 соат дарсҳо дар мактаб иштирок надоштаанд. Се шогирди Файзуллоев аз 42 то 93 соат дар машғулиятҳо ҳузур надошта, ба оворагардӣ машғул шудаанд.

Дар бораи чӣ гуна ҷазо гирифтани волидони хонандагон, ки ба дарсҳо ҳозир нашудаанд, маълумот дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.