БМТ: Ҳаҷми пули нақд дар гардиш 1,1 млрд. сомонӣ афзуд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муддати ним сол дар ҳаҷми 2,3 млрд. сомонӣ пули нақдро ба гардиш баровард. Пулҳои нав ҷиҳати қонеъ намудани талаботи иқтисоди кишвар ба муомилот бароварда шуданд, шарҳ медиҳанд дар БМТ. Дар ҳамин ҳол, дар ин давра ба маблағи 1,2 млрд. сомонӣ пули нақд аз муомилот гирифта шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Бонки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муддати ним сол дар ҳаҷми 2,3 млрд. сомонӣ пули нақдро ба гардиш баровард. Пулҳои нав ҷиҳати қонеъ намудани талаботи иқтисоди кишвар ба муомилот бароварда шуданд, шарҳ медиҳанд дар БМТ.

Дар ҳамин ҳол, дар ин давра ба маблағи 1,2 млрд. сомонӣ пули нақд аз муомилот гирифта шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Бонки миллӣ.

Тибқи маълумоти БМТ, ба аввали нимсолаи дуюми соли равон дар ҳаҷми 14,1 млрд. сомонӣ пули нақд дар гардиш қарор дошта, ҳаҷми пулҳои захиравӣ дар ин давра 16 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Маълумотнома

Санаи 30-юми октябри соли 2000-ум дар Тоҷикистон пули миллӣ – «сомонӣ» ба муомилот бароварда шуда буд.

Номи он ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст. Код дар меъёри ISO 4217 – TJS. 1 сомонӣ аз 100 дирам иборат аст.

Дар Тоҷикистон пули миллӣ — сомонӣ дар қатори Парчаму Нишон ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти миллӣ ва аз нишонаҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ду маротиба пулӣ милль иваз шудааст. Бори якум 10-уми майи соли 1995 дар ҳудуди кишвар рубли тоҷикӣ бо арзиши , 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубл ба муомилот баромада буд.

Ин аввалин қадами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи ислоҳоти пулӣ ва ташкили низоми ягона ва мустақили пулӣ буд.

Бори дуюм соли 2000-ум, тавре дар боло зикраш рафт, пули нави миллӣ – «сомонӣ» эҷод шуд, ки то кунун мавриди муомилот царор дорад.

«Сомонӣ» соли 1999 бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон дар ширкати «Giesecke & Devrient GmBx»-и Олмон, дар Аврупо чоп шудааст.

Санаи 26-уми октябри соли 2000 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар-«сомонӣ», ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба имзо расид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.

Аз 3-юми сентябри соли 2001 ҳамчунин тангаҳои филизӣ бо арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам ба муомилот баромааданд.

Соли 2010 Бонки миллии Тоҷикистон «сомонӣ»- ҳои пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомониро ба муомилот баровард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.