Фурӯши 8 ҳавопаймои “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” барои пардохти қарз

Ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" баъди он ки аз пардохти қарзҳои рӯзафзунаш оҷиз монд, тасмим гирифтааст, 8 ҳавопаймоашро фурӯшад. Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, ба иттилои як манбаи огоҳ, ширкат моҳи оянда аз ҷумла ду ҳавопаймои навъи Boeing 787-8 Dreamliner-ро ба фурӯш мегузорад, ки 250 миллион долларӣ харида шуда буданд. Ба бовари […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" баъди он ки аз пардохти қарзҳои рӯзафзунаш оҷиз монд, тасмим гирифтааст, 8 ҳавопаймоашро фурӯшад.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, ба иттилои як манбаи огоҳ, ширкат моҳи оянда аз ҷумла ду ҳавопаймои навъи Boeing 787-8 Dreamliner-ро ба фурӯш мегузорад, ки 250 миллион долларӣ харида шуда буданд.

Ба бовари чанде аз мансабдорон, "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" аз ибтидо фаъолияти тиҷориашро хилофи қоидаҳои бозор ба роҳ монд ва аз ҳамин ҳисоб қарздор шуд.

"Ҳамакнун ширкат 2 ҳавопаймои Boeing 767, ду Boeing 757, ду адад Boeing 767, ки аз ҳавопаймои боркаш ба мусофиркаш табдил шудаанд ва ду Boeing 787-8 Dreamliners-ро барои фурӯш интихоб кардааст", – гуфтааст манбаъ.

Коршиносон мегӯянд, тасмими фурӯши ҳавопаймоҳо ба он маъност, ки ҳам ҳукумат ва ширкат ба натиҷа расиданд, ки бо мусофиркашонӣ наметавонанд, қарзҳои ҷамъшударо пардохт кунанд.

"Дар ҳоли ҳозир то 84% билетҳои ширкат ба фурӯш мераванд. Ин яке аз баландтарин нишондод дар сатҳи ҷаҳон аст. Аммо сарфи назар аз ин, ширкат наметавонад қарзҳояшро пардохт кунад. Воқеан, ки ҳазён аст", – гуфт манбаъ.

Афроди огоҳ мегӯянд, барои харидани ҳавопаймоҳои ширкат аз буҷаи давлат маблағи калон ҷудо шуд. Пушти ин қазия ҳатман фасодкорие сурат гирифтааст.

Ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" давлатӣ буда, вазъи молиаш аз ҷомеа пинҳон нигаҳ дошта мешавад. Ба иттилои огаҳон, даромади солонаи ширкат наздики 800 миллион долларро ташкил медиҳад.

Давлат расман ҳаҷми қарздории ширкатро шарҳ намедиҳад, вале манобеъ мегӯянд, ин қарз аз 2 то 3 миллиард долларро дар бар мегирад.

Ба иттилои сомонаи Flightradar24, "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" дар ҳоли ҳозир 37 ҳавопаймо дар ихтиёр дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.