Суғд: маҳкум шудани хушдоман барои то ба худкушӣ расонидани келин

Asia-Plus

Сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Шоира Турдиева дар содир намудани ҷинояти то ба худкушӣ оварда расонидани шахс гунаҳкор эътироф гардид.

“Турдиева моҳи марти соли гузашта писараш Абдумӯмин Тоҷибоевро ба сокини маҳаллӣ Франгис Раҳмонова хонадор карда, аз рӯзҳои аввал ба таҳқиру хор кардан ва паст задани шаъну эътибори келин даст мезанад”, – қайд мешавад дар хабари Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, роҳи халос шудан аз ин муҳитро зан дар худкушӣ дониста, дар маҳаллаи Ҷомии деҳоти Сарбанд аз болои купрӯк худашро ба дарёи "Сир" мепартояд, ки ин ҳолатро шаҳрванд Хуршед Юнусов дида, ӯро аз дохили дарё ба соҳил баровардааст.

Дар прокуратураи ноҳияи Спитамен нисбати Турдиева. бо моддаи 109 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ба худкушӣ расондан) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ҷиҳати баррасӣ ба суди ноҳия ирсол мешавад.

Суди ноҳия хушдоманро гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба се соли зиндон маҳкум мекунад, лекин бо ҳамин ҳукм дар асоси моддаи 71 Кодекси ҷиноятй ҷазои нисбати Турдиева таъиншударо шартан татбиқ накарда, нисбаташ ба муҳлати 1 сол санҷиш муқаррар намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.