Суғд: маҳкум шудани хушдоман барои то ба худкушӣ расонидани келин

Сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Шоира Турдиева дар содир намудани ҷинояти то ба худкушӣ оварда расонидани шахс гунаҳкор эътироф гардид. “Турдиева моҳи марти соли гузашта писараш Абдумӯмин Тоҷибоевро ба сокини маҳаллӣ Франгис Раҳмонова хонадор карда, аз рӯзҳои аввал ба таҳқиру хор кардан ва паст задани шаъну эътибори келин даст мезанад”, – қайд мешавад дар хабари […]

Asia-Plus

Сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Шоира Турдиева дар содир намудани ҷинояти то ба худкушӣ оварда расонидани шахс гунаҳкор эътироф гардид.

“Турдиева моҳи марти соли гузашта писараш Абдумӯмин Тоҷибоевро ба сокини маҳаллӣ Франгис Раҳмонова хонадор карда, аз рӯзҳои аввал ба таҳқиру хор кардан ва паст задани шаъну эътибори келин даст мезанад”, – қайд мешавад дар хабари Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, роҳи халос шудан аз ин муҳитро зан дар худкушӣ дониста, дар маҳаллаи Ҷомии деҳоти Сарбанд аз болои купрӯк худашро ба дарёи "Сир" мепартояд, ки ин ҳолатро шаҳрванд Хуршед Юнусов дида, ӯро аз дохили дарё ба соҳил баровардааст.

Дар прокуратураи ноҳияи Спитамен нисбати Турдиева. бо моддаи 109 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ба худкушӣ расондан) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ҷиҳати баррасӣ ба суди ноҳия ирсол мешавад.

Суди ноҳия хушдоманро гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба се соли зиндон маҳкум мекунад, лекин бо ҳамин ҳукм дар асоси моддаи 71 Кодекси ҷиноятй ҷазои нисбати Турдиева таъиншударо шартан татбиқ накарда, нисбаташ ба муҳлати 1 сол санҷиш муқаррар намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.