Интиқоли ҷасади тоҷикистониёни дар Рязан ҳалокшуда ба ватан

Asia-Plus

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ҳалокати 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Рязан тасдиқ ва боз дар бораи 6 нафар тоҷикистониёни дигари ҷароҳатбардошта хабар дод.

Иброҳим Аҳмадов, котиби матбуотии намояндагии Вазорат ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки шахсияти фавтидагон муайян шуда, айни замон ҷиҳати интиқоли ҷасади онҳо ба ватан чораҷӯӣ мешавад.

“Ҳамаи 6 нафар ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки байни онҳо духтари 14-сола низ ҳузар дорад, – иттилоъ дод Аҳмадов. – Боз 6 нафар шаҳрвандони дигари осебдида дар бемористонҳои вилояти Рязан бистарианд”.

Зимнан зикр шуд, ки намояндагии Вазорат дар ҳамдастӣ бо сафорати Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон дар Рязан ҷиҳати ба ватан фиристодани ҷасади фавтидагон тадбирҳо андешида, ба ҷароҳатбардоштагон дар беморхонаҳо кумак мекунад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бар асари садамаи мудҳиш дар Рязан ҳалок шуданд:

1.Назримова Назира Ҷамшедовна, ст. 21.07.2005

2.Назримова Гулдона, ст. 02.02.1983

3.Саидов Абдулло Саидбекович, ст. 14.09.1974

4.Маҳмудов Валиҷон Турсуналиевич, ст. 08.05.1989

5.Халилов Ислом, ст. 1974

6.Муллоев Фирӯз Бурҳонович, ст. 08.11.1977.

Бистаришуда дар беморхонаи марказии ноҳиявии Шатск:

Ахмедов Раҳмон Тоҳирович, ст. 02.05.1991

Атоев Файзалӣ Файзуллоевич, ст. 16.04.1988

Баротов Фурқат Зокирович, ст. 1971

Алиев Самандар Валиевич, ст. 02.03.1981.

Бистаришуда дар беморхонаи марказии ноҳиявии Сасово:

Назримов Ҷовидон Ҷамшедович ст. 14.01.2007

Саидов Саидхон Фатҳуллоевич ст. 14.08.1984.

Ёдрас мекунем, ки дар вилояти Рязани Русия бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор бо микроавтобус 6 нафар, аз ҷумла як нафар кӯдак – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Ҳодисаи садами нақлиёти пурдаҳшат субҳи рӯзи 6 август тахминан соатҳои 5:00 (ба вақти Маскав) дар ноҳияи Сасово рух дода, микроавтобус бо Toyota Land Cruiser ба ҳам бархӯрдаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.