Интиқоли ҷасади тоҷикистониёни дар Рязан ҳалокшуда ба ватан

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ҳалокати 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Рязан тасдиқ ва боз дар бораи 6 нафар тоҷикистониёни дигари ҷароҳатбардошта хабар дод. Иброҳим Аҳмадов, котиби матбуотии намояндагии Вазорат ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки шахсияти фавтидагон муайян шуда, айни замон ҷиҳати интиқоли ҷасади онҳо […]

Asia-Plus

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ҳалокати 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Рязан тасдиқ ва боз дар бораи 6 нафар тоҷикистониёни дигари ҷароҳатбардошта хабар дод.

Иброҳим Аҳмадов, котиби матбуотии намояндагии Вазорат ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки шахсияти фавтидагон муайян шуда, айни замон ҷиҳати интиқоли ҷасади онҳо ба ватан чораҷӯӣ мешавад.

“Ҳамаи 6 нафар ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки байни онҳо духтари 14-сола низ ҳузар дорад, – иттилоъ дод Аҳмадов. – Боз 6 нафар шаҳрвандони дигари осебдида дар бемористонҳои вилояти Рязан бистарианд”.

Зимнан зикр шуд, ки намояндагии Вазорат дар ҳамдастӣ бо сафорати Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон дар Рязан ҷиҳати ба ватан фиристодани ҷасади фавтидагон тадбирҳо андешида, ба ҷароҳатбардоштагон дар беморхонаҳо кумак мекунад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бар асари садамаи мудҳиш дар Рязан ҳалок шуданд:

1.Назримова Назира Ҷамшедовна, ст. 21.07.2005

2.Назримова Гулдона, ст. 02.02.1983

3.Саидов Абдулло Саидбекович, ст. 14.09.1974

4.Маҳмудов Валиҷон Турсуналиевич, ст. 08.05.1989

5.Халилов Ислом, ст. 1974

6.Муллоев Фирӯз Бурҳонович, ст. 08.11.1977.

Бистаришуда дар беморхонаи марказии ноҳиявии Шатск:

Ахмедов Раҳмон Тоҳирович, ст. 02.05.1991

Атоев Файзалӣ Файзуллоевич, ст. 16.04.1988

Баротов Фурқат Зокирович, ст. 1971

Алиев Самандар Валиевич, ст. 02.03.1981.

Бистаришуда дар беморхонаи марказии ноҳиявии Сасово:

Назримов Ҷовидон Ҷамшедович ст. 14.01.2007

Саидов Саидхон Фатҳуллоевич ст. 14.08.1984.

Ёдрас мекунем, ки дар вилояти Рязани Русия бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор бо микроавтобус 6 нафар, аз ҷумла як нафар кӯдак – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Ҳодисаи садами нақлиёти пурдаҳшат субҳи рӯзи 6 август тахминан соатҳои 5:00 (ба вақти Маскав) дар ноҳияи Сасово рух дода, микроавтобус бо Toyota Land Cruiser ба ҳам бархӯрдаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.