Гуруснанишинии тоҷикистонии маҳбус барои иштирок дар намоишҳои эътирозии Маскав

Зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабов, ки дар чорчӯби парвандаи бетартибиҳои оммавӣ дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи 27 июл дар Маскав ба ҳабс гирифта шуд, дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) гуруснанишинӣ эълон кард. Дар ин бора адвокат Анри Сискаришвили ба «МБХ медиа» хабар додааст, менависад Медуза. Бино ба гуфтаи ӯ, Раҷабов ба нишони эътироз муқобили айбномаҳои ба ӯ эълоншуда […]

Asia-Plus

Зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабов, ки дар чорчӯби парвандаи бетартибиҳои оммавӣ дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи 27 июл дар Маскав ба ҳабс гирифта шуд, дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) гуруснанишинӣ эълон кард. Дар ин бора адвокат Анри Сискаришвили ба «МБХ медиа» хабар додааст, менависад Медуза.

Бино ба гуфтаи ӯ, Раҷабов ба нишони эътироз муқобили айбномаҳои ба ӯ эълоншуда аз 1 август гуруснашинӣ мекунад.

“Ин гуруснашинии комил нест, ӯ нӯшокиҳо, чой бо шакар ва об истеъмол мекунад”, – иброз доштааст ҳимоягар.

Суди Пресненскии Маскав санаи 2 август зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабовро барои иштироки ғайриқонунӣ дар ҳодисаҳои бетартибиҳои оммавӣ дар Маскав ба ҳабс гирифт. Ӯ гӯё дар гирдиҳамоии ғайриқонунии санаи 27 июл миёни иштирокчиёни он ҳузур доштааст. Ҳамон рӯз Росгвардия беш аз 1300 нафарро дастгир карда буд.

Тафтишот гуфтааст, Самариддин Раҷабов дар ҷараёни эътирозҳо ба сӯи афсари Росгвардия зарфи обро партофтаааст ва он зарф ба гардани афсари пулис бархӯрдааст. Худи Раҷабов дар додгоҳ ин иттиҳомро рад кард ва гуфт, рӯзи 27 июл дар маркази Маскав дар як харак нишаста буд ва дар ягон эътироз иштирок надошт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.