Оғози машқҳои низомии Тоҷикистону Чин дар Ишкошим

Сарбозону афсарони Артиши халқии озодихоҳи Чин дирӯз бо мошинҳои зиреҳпӯш ва силоҳи худ ба ноҳияи Ишкошими ВМКБ омаданд. Дар гузаргоҳи сарҳадии назоратии “Қулма-Қарасӯ” байни марзи Тоҷикистону Чин сарбозон ва афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Чинро намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон пешвоз гирифтанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён. Ротаи Қувваҳои Мусаллаҳи Чин дар […]

Asia-Plus

Сарбозону афсарони Артиши халқии озодихоҳи Чин дирӯз бо мошинҳои зиреҳпӯш ва силоҳи худ ба ноҳияи Ишкошими ВМКБ омаданд.

Дар гузаргоҳи сарҳадии назоратии “Қулма-Қарасӯ” байни марзи Тоҷикистону Чин сарбозон ва афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Чинро намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон пешвоз гирифтанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён.

Ротаи Қувваҳои Мусаллаҳи Чин дар тамринҳои ҳарбии зиддитеррористӣ, ки аз 8 то 14 авгнуст дар ноҳияи бевосита бо Афғонистон ҳамсарҳади Ишкошими ВМКБ доир мегардад, иштирок мекунад.

Дар тамринҳо як баталйони сарбозону афсарони воҳидҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва як ротаи Артиши халқии озодихоҳи Чин иштирок мекунанд.

Низомиёни Тоҷикистону Чин дар тамринҳо амалҳои муштаракро ҳангоми пайдо шудани хатари вуруди террористон аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба қаламрави Чин мавриди таҷрибаву амал қарор медиҳанд.

Барои иштирок дар тамринҳо ҳамчунин авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия, силоҳи тирандозӣ низ сафарбар мешавад.

Қобили зикр аст, ки ба ин монанд тамринҳои низомиёни ду кишвар моҳи октябри соли 2016 низ дар ВМКБ баргузор шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.