Ӯзбекистон ба истифодаи роҳҳои мошингарди Тоҷикистон барои интиқоли бор ба Чин оғоз кард

Аваз Юлдошев

Охири ҳафтаи гузашта шаш автомашинаи боркаш аз маркази маъмурии вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон – шаҳри Тирмиз бо хатсайри Душанбе, Ваҳдат, Кӯлоб, Қалъаи-Хумб, Хоруғ, Қулма (Тоҷикистон) – шаҳри Қошғар (Чин) ба сафар баромалданд, ки борҳои Ӯзбекистонро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин мерасонанд.

Қатори автомашинаҳо аз дутогӣ автомашинаҳо аз Ӯзбекистону Тоҷикистону Чин иборат аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон.

Бино ба иттилои манбаъ, қатори автомашинаҳои боркаш ба сурати умум 1 ҳазору 422 километр масофаро тай мекунанд.

Агар озмоиш муваффақона анҷом пазирад, ин самти интиқоли бори Ӯзбекистон ба Чин мунтазам ба роҳ монда мешавад, қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, сафари автомашинаҳо тариқи хатсайрҳои қаламрави Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Чин дар доираи фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 6 апрел “Дар такмили ҷиддии низоми ҳамлу нақли бор ва мусофирон” сурат гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.