Ҷарима барои фоҳишагарӣ дар Тоҷикистон ду баробар афзуд

Тағйироту иловаҳое, ки охири моҳи июл аз ҷониби парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул шуданд, аввали моҳи август баъди интишор дар матбуоти расмӣ мавриди амал қарор гирифтанд. Минбаъд ҳаҷми ҷарима барои машғул шудан ба фоҳишагарӣ аз 1100 то 1650 (қаблан – аз 550 то 1100 сомонӣ) сомониро ташкил медиҳад. Барои такроран дар давоми як […]

Тағйироту иловаҳое, ки охири моҳи июл аз ҷониби парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул шуданд, аввали моҳи август баъди интишор дар матбуоти расмӣ мавриди амал қарор гирифтанд.

Минбаъд ҳаҷми ҷарима барои машғул шудан ба фоҳишагарӣ аз 1100 то 1650 (қаблан – аз 550 то 1100 сомонӣ) сомониро ташкил медиҳад.

Барои такроран дар давоми як сол пас аз мавриди ҷаримаи маъмурӣ қарор гирифтан  машғул шудан ба ин амал ҳаҷми ҷарима аз 1650 то 2650 сомонӣ (қаблан – аз 1100 то 2200 сомонӣ)-ро ташкил хоҳад дод.

Дар Тоҷикистон шахсоне, ки аз хизматрасониҳои фоҳишаҳо истифода мекунанд, ҷазо дода намешаванд. Аммо барои ташкил ва нигаҳдории фоҳишахонаҳо маблағи аз 8 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ гардида, ҷазои маҳрумият аз озодӣ таъин нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл чор нафар блогерони тоҷик барои гузоштани навори видео бо номи “Барон ва Рустам, рейди фоҳишаҳо дар трасса” дар YouTube боздошт шуданд.

Навори ба истилоҳ блогерон бобати дар ҳудуди пойтахт ба фоҳишагӣ даст задани занону духтарон мавриди вокуниш ва интиқоди шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, ба муроҷиати занону духтарон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боис гардид ва муроҷиаткунандагон хостори андешидани чораҳои қонунӣ нисбати таҳиякунандагон ва пахшкунандагони навори мазкур дар шабакаи Интернет шуданд.

“Воқеан таҳиякунандагони ин навор меъёрҳои ахлоқиро риоя накарда, дар баробари ошкорнамоии шахсияти онҳо ҳамзамон шаъну шарафи занону духтаронро бо ин роҳ паст задаанд”, – хабар дода буд дафтарматбуоти РВКД Душанбе.

Дар маълумот зикр гардида буд, ки нафароне, ки худро блогер медонанду бо ин роҳ мехоҳанд маблағ ба даст оваранд, бояд меъёрҳои ахлоқиро риоя намуда, дар доираи қонун фаъолиятро ба роҳ монанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.