CAFA-2019: Пирӯзии футболбозони ҷавони тоҷик дар ду бозии аввал

Дар ду бозии Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни ҷавонон (U-19), ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, мунтахаби футболи Тоҷикистон дастаи Туркманистонро бо ҳисоби 5 бар 1 ва тими Афғонистонро бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб кард. Натиҷаҳои дигар бозиҳои мусобиқа чунинанд: Афғонистон – Туркманистон – 2:2, Ӯзбекистон – Эрон – 0:2, Афғонистон – […]

Дар ду бозии Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни ҷавонон (U-19), ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, мунтахаби футболи Тоҷикистон дастаи Туркманистонро бо ҳисоби 5 бар 1 ва тими Афғонистонро бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб кард.

Натиҷаҳои дигар бозиҳои мусобиқа чунинанд: Афғонистон – Туркманистон – 2:2, Ӯзбекистон – Эрон – 0:2, Афғонистон – Ӯзбекистон – 2:2 ва Эрон – Туркманистон 4:0.

Бозиҳои давраи навбатии чемпионат имрӯз, 13 август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд: Эрон – Афғонистон (соати 17:00) ва Тоҷикистон – Ӯзбекистон (соати 20:00).

Қобили зикр аст, ки Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни ҷавонон (U-19) бо низоми даврии як бозӣ байни дастаҳо доир мегардад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумори бештари имтиёзҳои бадастоварда муайян карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.