Раҳбарияти ВМКБ ба ҷамъомади таълимии ҳарбӣ даъват шуд

Роҳбарони ҳамаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ҳукумати вилоят санаи 12 август ба ҷамъомади таълимӣ-методии ҳарбӣ даъват шудаанд, ки дар машқгоҳи “Ҷелонди”-и ноҳияи Шуғнон ҷараён дорад. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимиён хабар дод, дар давраи баргузории ҷамъомад, ки пагоҳ, 14 август ба анҷом мерасад, ба раҳбарияти вилоят […]

Роҳбарони ҳамаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ҳукумати вилоят санаи 12 август ба ҷамъомади таълимӣ-методии ҳарбӣ даъват шудаанд, ки дар машқгоҳи “Ҷелонди”-и ноҳияи Шуғнон ҷараён дорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимиён хабар дод, дар давраи баргузории ҷамъомад, ки пагоҳ, 14 август ба анҷом мерасад, ба раҳбарияти вилоят тарзу воситаҳои ташкили мудофиаи қаламрав ва сафарбарии сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ дар ҳолатҳои зарурӣ омӯзонида мешавад.

“Дар доираи ҷамъомади таълимӣ-методӣ ҳамчунин малакаву маҳорати тирпарронии раҳбарияти вилоят аз автомат ва таппонча санҷида мешавад”, – қайд кард ӯ.

Қаблан бо иштироки раҳбаияти Вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ низ ба ин монанд ҷамъомадҳои таълимӣ-методӣ гузаронида шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.