Эълони якчанд айбнома зидди собиқ президенти Қирғизистон

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Прокуратураи генералии Қирғизистон зидди президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев дар робита ба ҳаводиси деҳаи Кой-Тош айб эълом кардааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи додситони кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшедов, дар робита ба ҳаводиси мазкур чанд парвандаи ҷиноӣ боз ва зидди ҷонибдорони Отамбоев айбҳои алоҳида эълом карда шуд.

"Имрӯз зидди Отамбоев барои ташкили бетартибии оммавӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, гаравгонгирӣ, куштор ва сӯиқасд айб эълом шуд", – иттилоъ додааст додситони кулли Қирғизистон.

Ба гуфтаи Ҷамшедов, Отамбоев дар ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла "Ташкили бетартибиҳои оммавӣ", "Ташкили куштор", "Ташкили сӯиқасд" ва "Ташкили гаравгонгирӣ" айбдор мешавад.

Ҷамшедов афзудааст, ки президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков тафтиши парвандаҳои марбут ба ҳаводиси Кой-Тошро зери назорат гирифта, талаб кардааст, ки онҳо дар асоси қонун таҳқиқ ва дастандаркорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар доираи парвандаҳои мазкур амволи Отамбоев ба ҳабс гирифта шудааст.

Ёдрас мешавад, ки рӯзҳои 7 ва 8 августи соли равон дар деҳаи Кой-Тоши вилояти Чуйи Қирғизистон амалиёти боздошти Отамбоев сурат гирифта, дар ҷараёни он миёни ҷонибдорони президенти пешин ва неруҳои махсуси Кумитаи амният занозанӣ шуд. Худи Отамбоев дар рӯзи дувуми амалиёт таслим ва то 26 август ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Дар доираи парвандаи ҳаводиси Кой-Тош то ҳол сардори пешини дастгоҳи президент Фарид Ниёзов, аъзои Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Алга Киличов, Кияз Смайлов ва Амантур Жамгирчиев то 8 октябр ба ҳабс гирифта шудаанд.

Онҳо дар гаравгонгирии сарбозони неруҳои махсусе айбдор мешаванд, ки 7 август барои боздошти Отамбоев ба деҳаи Кой-Тош рафта буданд. Зиддашон бо бандҳои "гаравгонгирӣ" ва "ташкили бертартибии оммавӣ" парванда боз шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...