Ҳукми ҳабси абад ба яке аз саркардагони ошӯб дар зиндони Хуҷанд

Asia-Plus

Суди олии Тоҷикистон ба таври махфӣ парвандаҳои ҷиноятии гумонбарон ба ташкили ошӯбро дар зиндони Хуҷанд баррасӣ ва Амиралӣ Давлатовро, ки ҳукуматдорон яке аз саркардагони ошӯб медонанд, ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард.

Ҳукм нисбати Амиралӣ Давлатов ва боз 32 нафар маҳкумшудгони дигар, ки дар ошӯб иштирок кардаанд, охири моҳи июл содир шуда, лекин аз ҷониби Суди олӣ эълон намешавад.

Дар мақомоти судӣ ба “Азия-Плюс” муяссар шуд танҳо аз ҳукм нисбати А.Давлатов огаҳӣ ёбад. Муҳлатҳои ҳукми зиндони дигар иштирокчиёни ошӯб махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Ҳамаи маҳкумшудагон – иштирокчиёни ошӯб дар куштор, расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, муқовимат ба намояндагони ҳукумат ва риоя накардани реҷаи будубош дар муассисаи ислоҳӣ айбдор дониста мешаванд.

Ҳангоми бетартибиҳо дар муассисаи ислоҳии низомаш сахти Хуҷанд, ки шаби 8 ноябри соли гузашта рух доданд, тибқи маълумоти расмӣ 21 нафар маҳбусон ҳалок шуданд. Зимни ошӯб ду корманди муассиса кушта шуда, панҷ нафар посбонон ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Амиралӣ Давлатов ба гурӯҳи ҷиноятпешаи Маханов шомил буд. Моҳи марти соли 2014 Суди олии Тоҷикистон аъзои гурӯҳи Алимурод Махановро дар терроризм гунаҳкор эътироф намуд. Роҳбари гурӯҳ Маханов ба 21 сол ва Амиралӣ Давлатов ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буданд.

Онҳо мехостанд чаҳор дарвозаи Душанбе, бинои Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллиро битарконанд.

Тибқи маълумоти хадамоти махсус, Маханов узви фаъоли Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва амири ин ҳаракат дар минтақа таъин шуда буд. Худи А.Маханов ҳангоми саркӯб кардани ошӯб дар муассисаи ислоҳии №3/2 СИҶҶ дар Ваҳдат шоми 19 май кушта шуд.

Барои ташкили ошӯб ва бетартибиҳо дар муассиса 33 нафар маҳбусон ва 9 корманди муассиса, аз ҷумла сардори он ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд. Тавре қаблан хабар дода будем, 9 нафар кормандони муассисаи ислоҳии Хуҷанд мутобиқи моддаи 322 (Хунукназарӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлатҳои аз 2,6 то 4 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...