Фавти ду тоҷикистонӣ зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ

Аваз Юлдошев

Зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон фавтиданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷумҳурӣ Афшин Муқим.

“Ҳарду зойирин аз бемории сактаи қалб ҷон бохтанд. Синни ҳардуяшон қариб ба ҳафтод расида, ҷасадҳояшон дар Макка ба хок супурда шуд”, – қайд кард ӯ.

Зимнан зикр шуд, як нафар аз ҳалокшудагон сокини шаҳри Ҳисор ва фавтидаи дигар истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мебошанд.

Бино ба гуфтаи котиби матбуотии Кумитаи дин, бозгашти зойирини точик ба ватан аз 18 август шурӯъ мешавад.

Соли ҷорӣ ҳудуди 5 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф гардиданд. Соли 2018 беш аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён маросими адои ҳаҷро ба ҷо оварда буданд.

Қаблан раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатзода ба журналистон иттилоъ дода буд, ки имсол квотаи ҷудошуда ба Тоҷикистон  барои адои маросими ҳаҷ дар макони муқаддаси ислом пур нашуд. Арабистони Саудӣ имсол ба Тоҷикистон 5 ҳазор квота ҷудо намуда, лекин на ҳамааш истифода шуд, қайд кард ӯ.

Раиси Кумита камшавии таваҷҷуҳ ба адои маросими ҳаҷро ба вазъи номусоиди иқтисодии шаҳрвандон нисбат дод.

“Баъзе хоҳишмандон худро номнавис мекунанд, вале аз иҷрои уҳдадории пардохти маблағ ё таҳияи ҳуҷҷатҳои дахлдор саривақт баромада наметавонанд. Ин асосан ба шароити иқтисодии шаҳрвандон вобаста аст”, – изҳор дошта буд Сулаймон Давлатзода.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...