Оғози сафари кории президент ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Asia-Plus

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нахуст ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – шаҳраки навбунёди Меҳрон нахуст бинои беморхонаи марказии ноҳияро ифтитоҳ намуд. Бинои беморхонаи марказӣ дуошёна аст ва дар муддати кӯтоҳ барои 60 кати хоб сохта шудааст.

Сипаср шаҳраки Меҳрон ҳамчунин бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва намои зебо сохта шудааст. Бино16 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст дошта, дорои шароити хуби корӣ мебошад.

Дар идома бо ҳузури Президенти мамалакат бинои нави филиали рақами 41-и БДА Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ин ноҳия мавриди истифода қарор гирифт. Бинои навбунёд аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, 7 утоқи корӣ дорад ва ҳамаи утоқҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи муосир таъмин карда шудааст.

Гуфта мешавад Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави Суди ноҳияро мавриди истифода қарор дод. Масоҳати бинои нав 1200 метри мураббаъ буда, он аз 2 ошёна ва 28 утоқи корӣ иборат мебошад. Бинои мақомоти суд бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд ёфта, дар он барои кормандон тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамзамон бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино аз 3 ошёна иборат аст. Ҳамчунин барои таъмин намудани кормандони ин ниҳод бо манзил дар бино хобгоҳ бунёд карда шудааст. Саҳни бино пурра чароғон ва  роҳравҳои  гирду атрофи  он пурра  сафолакпӯш карда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон иштирок кард. Баландии Парчами давлатӣ 36 метр, паҳноии матои он 5 ва дарозиаш 10 метрро ташкил намуда, атрофи он дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин дар маросими ба истифода додани бинои тозабунёди дуошёнаи қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳузур дошт. Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳия дорои парки автомобилӣ, 2 адад нақлиёти оташнишонӣ, 10 ҳуҷраи корӣ – утоқҳои дарсӣ, таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ ва либосҳои корӣ, инчунин ҳуҷраи маишӣ ва бойгонӣ мебошад, ки барои фаъолияти фаврӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин дар ошёнаи якуми бино ду утоқи кории махсус барои ситоди ҳолатҳои фавқулодда ҷойгир карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...