Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

Муовинони дабири кулли СММ ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои конфронси минтақавӣ дар бораи коҳиши оқибатҳои офатҳои табиӣ брифинг мегузаронанд;

– Бозиҳои аввали даври чаҳорякфиналии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон 2019 баргузор мешаванд: “Хатлон” – “Хуҷанд” (варзишгоҳи “Авиатор”, Душанбе); «Эсхата» – “Истиқлол” (варзишгоҳи “Спартак”, Хуҷанд); КМВА “Помир” – “Регар ТадАЗ” (варзишгоҳи КМВА “Помир”) ва “Ҳулбук” – “Ҷайҳун” (дар Восеъ). Оғози бозиҳо соати 17:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.7000 сомонӣ;

1 евро – 10.7398 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1452 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1936 — Таъсиси Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализода.

1981 – Олимон бори нахуст дар бораи гармшавии глобалӣ дар Замин хабар доданд.

2008 — Дар Бозиҳои XXIX Олимпиадаи тобистона варзишгари тоҷик дар гӯштии тарзи озод (вазни то 84 кило) Юсуф Абдусаломов бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид.

1926-2006 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ Оиша Сарварова.

1927 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Владимир Барботко.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 21 август аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...