Падари Ҳувайдои кушташуда аз ҳукумати Тоҷикистон кумак мехоҳад

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки дар Серпуховои вилояти Маскав ба номусаш таҷовуз шудаву бераҳмона кушта шуда буд, аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва шахсан аз раиси Дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон кумаки молӣ ва ҳуқуқӣ мехоҳад.

Дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки мехоҳад адолат барқарор шавад.

– Кӯшиши ба мурофиа роҳ надодани ман кори дасти Татяна Зубова, адвокати Александр Сёмин аст, зеро ӯ холааш аст, – мегӯяд Абдусалом. – Ӯ мегӯяд ман падари Ҳувайдо ва ҳамсарам модари кӯдак нестем. Маҳз ҳамин зан ба ман 60 млн. рубл пешниҳод намуд, лекин ман розӣ нашуда, гуфтам, ки Сёмин бояд аз рӯи қонун ҷазо дода шавад. Сипас ӯ ба ман гуфт, ки бо ҳар роҳу воситае набошад, ҷиянашро озод мекунад. Ӯ хеле кӯшиш дорад, зеро ин ҷиноят дар хонаи ӯ содир шуд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, пайвандон ва вакили мудофеи шаҳрванди Русия Александр Сёмин, нафари гумонбар ба қатли Ҳувайдо Тиллозодаи панҷсола аз Тоҷикистон, аз додгоҳ хостаанд, ки падари духтарро ба мурофиа роҳ надиҳад.

Онҳо даъво доранд, ки Абдусалом Саидов, сокини шаҳри Кӯлоб, гӯиё падари биологии Ҳувайдо нест ва ҳаққи даъво аз номи ӯро надорад.

Худи Абдусалом Саидов мегӯяд, падари биологии Ҳувайдо аст ва дар ин бора санад дорад. Ба қавли ӯ, "ҷониби ҷавобгар мехоҳад, бо даъвоҳои худ ҷараёни муҳокимаро тӯл диҳад ва шароити озод кардани Сёминро фароҳам кунад".

Александр Сёмин бар асоси моддаҳои таҷовуз ба номуси ноболиғ ва куштор муттаҳам аст.

"Дар мурофиа пурсидам, ки чаро чунин даъво баъди беш аз як соли ҳодиса садо дод? Аз оғоз ман ҳамчун падари Ҳувайдо даъвогар ҳастам. Чаро он вақт эътироз накарданд, то дар пеши чашмашон санҷиши ДНК кунем. Ҷасад ҳам дар инҷо буд. Гуфтам, биёед, дубора ташхис мекунем ва агар падарии ман собит шавад, наздикони Сёмин низ барои туҳмат ҷавобгар мешаванд", — гуфтааст ӯ рӯзи 24-уми август ба Радиои Озодӣ.

Муҳокимаи нахустини парвандаи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз Тоҷикистон рӯзи 23-юми август дар Додгоҳи вилояти Маскав паси дарҳои баста баргузор шуд. Аз тарафи даъвогар танҳо падари Ҳувайдо ва вакили мудофеаш Дагир Хасавов иштирок доранд. Дигарон ба мурофиа роҳ наёфтаанд.

Ин талаби пайвандон ва вакили мудофеи ҷавобгар будааст, ки мурофиа пинҳонӣ гузарад. Мақомоти додгоҳ гуфтаанд,мурофиаи оянда рӯзи 26-уми август идома меёбад.

Наздикони Александр Сёмин то ҳоло расман нагуфтаанд, ки бардошташон аз ҷараёни мурофиаи аввал чист. Вале онҳо дар гузашта ва дар додгоҳ низ ба бегуноҳии ӯ пойфишорӣ карда ва озодиашро талаб намудаанд.

Абдусалом Саидов мегӯяд, ҳоло маълум нест, додгоҳ дар мавриди иштирок кардан ё накардани ӯ дар мурофиаҳои баъдӣ чӣ тасмим мегирад. Вале сахт нигарон аст, ки ҷониби ҷавобгар ҳуқуқи ӯро нодида мегирад ва барои аз “бозӣ” рондани ӯ тамоми корро мекунад.

“Дирӯз ҳатто даъво карданд, ки чаро ман аз хидмати тарҷумон истифода мекунам. Мегӯянд, ман дар Русия ҳастам ва бояд ин забонро донам ва ба суолҳояшон худам ҷавоб диҳанд. Ман ҷавоб додам, ки масъалаи ҳуқуқӣ аст ва ман аз хидмати тарҷумон истифода мекунам", — гуфт ӯ.

Ба қавли Саидов, додрас ҳам гуфтааст, истифода аз хидмати тарҷумон ҳаққи ӯст ва ин ба баёнот ё шаҳодаташ дар додгоҳ халал намерасонад.

Муҳокимаи гумонбар дар қатли Ҳувайдо Тиллозода баъди беш аз як соли ҳодиса шуруъ шуд. То ин дам пайвандонаш Сёминро бемории рӯҳӣ мегуфтанд ва ӯ чанд муддат зери назорати пизишкон буд ва аз ташхис мегузашт.

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

Қазияи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз пурсарусадотарин қазияҳо дар соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод ва ҷониби Тоҷикистон низ бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи ин қазияро хост. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия гуфта буд, ки дар мавриди ҷазо гирифтани қотили кӯдаки 5-солаи тоҷик дар Серпухово шакке нест.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...