Арзиши таърихӣ надорад. Тахриби бинои паҳлӯи ЦУМ

Абдулло Ғурбатӣ, Asia-Plus

Шурӯъ аз рӯзи шанбе 24-уми август тахриби бинои шафати мағозаи бо ном машҳури ЦУМ ё маркази савдои Тоҷикистон оғоз гардид. Сокинони манзили истиқоматӣ ва соҳибкороне, ки дар қабати аавали он мағоза доштанд, акнун анҷоми худро барои кӯчидан омода мекунанд.

Аз рӯи тарҳи генералии шаҳри Душанбе, ба ҷойи ин бино (воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 81) сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор  оғоз хоҳад шуд. Маросими гузоштани санги асос рӯзи 4-уми сентябр бо иштироки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ доир хоҳад шуд.

Сардори Дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  Диловар Баротов  дар сӯҳбат бо хабарнигори мо оид ба шурӯи тахриби бинои болозикр ва тақдири сокинону  соҳибкорон чунин гуфт:

– Айни ҳол комиссияи махсус оид ба нархгузории хонаҳои истиқоматӣ ва ба ҷойи зист таъмин намудани сокинон кор бурда истодааст.  Ба ҳар як сокини манзили истиқоматие, ки тибқи нақша бояд тахриб шавад, вобаста ба ҳаҷми хонаҳои қаблиашон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ (сохтмонаш айни ҳол давом дорад) манзилҳои замонавӣ дода мешавад.

Меҳмонхона аз ҷониби ширкати сохтмонии «Себистон-2018» бунёд шуда, он ба талаботи ҳозираи шаҳрсозӣ ва меъморӣ ҷавобгӯ хоҳад буд.  То ду соли дигар қарор аст дар Душанбе боз нуҳ меҳмонхонаи нави замонавӣ бунёд шавад. Дар робита ба ин як қатор биноҳои бозмонда аз солҳои шӯравӣ тахриб ва сокинони онҳо ба ҷойҳои дигар кӯчонида хоҳанд шуд.

Аз шуъбаи сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи ноҳияи Исмоили сомонӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки бинои мазкур аҳамияти таърихӣ ва фарҳангӣ надорад ва дар фурсати мувофиқ корҳои асосӣ оид ба тахриби он шурӯъ хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки моҳи июли соли равон дар Кохи миллат бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ маросими муаррифии 9 меҳмонхонаи нав баргузор шуд.

Меҳмонхонаҳо бо шумори умумии 630 ҳуҷра барои қабули беш аз ҳазор нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Онҳо аз ҳисоби соҳибкорон бо дарназардошти талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 3, 4 ва 5 ситорадор сохта мешаванд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...