Як пой ва қисмате аз дасти духтари дар Бӯстон зери паровоз мондаро бурида партофтанд

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Аниса Насимзода, толибаи синфи 7-и гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон, ки рӯзи 28 август зери тепловоз монд, дар шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон қарор дорад.

Табиби муолиҷакунандаи духтар Насимҷон Яҳёев ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки рӯзи ҳодиса Аниса таъҷилан ҷарроҳӣ шуда, дар натиҷа лозим омадааст, ки пойи чап ва қисмате аз дасти ӯ бурида партофта шавад.

– Ҳозир ӯ ба ҳуш омада, лекин  то ҳол сарфаҳм нарафтааст, ки бо ӯ чӣ коре шудаасту як пой ва қисмате аз дасташро буридаанд, – мегӯяд табиб. – Хунаш хеле зиёд талаф ёфта буд, мо ба ӯ хун гузаронидем. Духтар ҳадди ақал боз ду моҳи дигар дар бемористон муолиҷа хоҳад шуд”.

Бибии духтар: Аниса ҳоло сарфаҳм намеравад, ки бо ӯ чӣ шудааст

Суҳбат бо модари Аниса муяссар нашуд, зеро вақте ки мо ба беморхона омадем, ӯ ба хонаашон рафта буд. Падари Аниса дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт, лекин баъди фаҳмидани воқеа дарҳол ба хона омадааст.

Ба мо муяссар гардид, ки бо модаркалони Аниса – Муҳаббат Ғиёсова, ки худ низ духтур-эҳёгар асту замоне дар шуъбаи эҳёгарии ҳамин беморхона кор кардааст, суҳбат кунем.

– Рӯзи 28 август Аниса аз ман барои ба яхмосхарӣ рафтан иҷоза пурсида, ман розӣ шудам ва дар натиҷа чунин ҳодисаи нохуш рух дод, – ҳикоят мекунад зан. – Аниса ба ҳуш омада, лекин ҳоло сарфаҳм намеравад, ки бо ӯ чӣ шудааст.

Ман аз ӯ пурсидам, ки чӣ ҳодиса рух дод? Аниса посух дод, ки: “ҳаво хеле гарм буд ва дигар чизе дар хотир надорам”.

– Ба табибон миннатдорӣ изҳор мекунам, ки хеле зуд Анисаро ҷарроҳӣ намуда, аз болои сараш дур намешаванд. Аз ҳамаи шахсоне, ки занг зада аз аҳволи набераам пурсон мешаванд, низ миннатдорам, – мегӯяд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, аз прокуратура дар нақлиёти вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки маводи ҷамъшуда, ҳамчунин “қуттии сиёҳ” (черный ящик)-и паровоз  мавриди санҷиш қарор гирифта, барои ташхис ба Душанбе фиристода шудааст.

– Танҳо баъди дастрас шудани натиҷаҳои ташхис дар бораи сабабҳои рух додани ҳодиса маълумот дода метавонем, – қайд кард манбаъ.

Қаблан шоҳидони ҳодиса хабар дода буданд, ки бо вуҷуди хеле наздик омадани тепловоз, духтари 13-сола кӯшиш кардааст, ки илоҷе карда роҳи оҳанро гузарад, лекин шояд пойафзолаш байни релсҳо дармондааст. Ронанда (машинист)-и паровоз талош кардааст, ки онро боздорад, лекин ин барояш саривақт муяссар нашудааст.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...