Боз шуд. Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи аквапарки нави кӯли “Душанбе”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти аквапарки “Кӯли Душанбе” расман ҳусни оғоз бахшиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳудуди аквапарк 17 гектарро ташкил дода, марказ метавонад дар як рӯз то ба 5 ҳазор меҳмонони дохилу хориҷи кишвар хизмат расонад. Дар қисмати шимолу шарқии Марказ ду таваққуфгоҳ барои […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти аквапарки “Кӯли Душанбе” расман ҳусни оғоз бахшиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳудуди аквапарк 17 гектарро ташкил дода, марказ метавонад дар як рӯз то ба 5 ҳазор меҳмонони дохилу хориҷи кишвар хизмат расонад.

Дар қисмати шимолу шарқии Марказ ду таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт сохта шуда, роҳравҳои марказ пурра асфалтпӯш гардидааст. Дар ҳудуди Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳӣ 3 бинои нав бо санъати меъмории хосса сохта шудааст.

Дар қисми шимолу ғарбии Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” боғи ҳайвонот сохта шудааст, ки дар он беш аз 50 навъи ҳайвоноти нодири оилаҳои хазандаҳо, даррандаҳо, паррандаҳо, ширхӯрҳо ва ғайра ҷойгир шудаанд.

Қисми дигари Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе”-ро аквапарк (парки обӣ) ташкил медиҳад, ки он дар масоҳати 2,6 гектар ҷойгир буда, чун намунаи муосири беҳамто дар ҳудуди Осиёи Марказӣ калонтарин маҳсуб меёбад.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.