Зери чархи тепловоз мондани духтари наврас дар Бӯстон

Date:

Дар маркази шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск)-и вилояти Суғд духтари наврасе зери чархи тепловоз монд.

Ин ҳодисаи фоҷеабор нимаи дуюми рӯзи 28 август рух дода, ба қавли шоҳидон, бо вуҷуди хеле наздик омадани тепловоз, духтари 13-сола кӯшиш кардааст, ки илоҷе карда роҳи оҳанро гузарад.

“Духтари наврас хеле шитоб дошт, лекин чунин ба назар расид, ки пойафзолаш байни релсҳо дармонд. Ронанда (мошинист)-и теловоз низ талош кард, ки онро боздорад, лекин аздусар ба он расида гузашт ва ӯро ба масофаи чандин метр бо худ кашола карда бурд”, – гуфтанд шоҳидон.

Айни замон духтари наврас дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳрии Бӯстон бистарӣ аст. “Қисмати чапи баданаш осеб дидааст. Вазъи солимиаш вазнин арзёбӣ мешавад”, – хабар доданд дар бемористон.

Дар робита ба ин ҳодиса мақомоти прокуратураи маҳаллӣ тафтиш мегузаронад.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...