Петербург: муҳоҷирони тоҷику ӯзбек ба чоҳи лифт афтоданд

Дар ноҳияи Кронштадти шаҳри Санкт-Петербург 4 нафар муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ба чоҳ (шахта)-и лифт афтода, қабурғаҳояшон шикаст ва аз сутунмуҳра ҷароҳат бардоштанд, лекин мустақилона пои пиёда барои кумаки тиббӣ шитофтаанд, хабар медиҳад «Фонтанка.ру». Бино ба маълумоти нашрия, ду тан аз онҳо бо қабурғаҳои шикаста, осеби устухони рон ва сутунмуҳра, ҳамчунин ҳолати сахти ҳарос […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Кронштадти шаҳри Санкт-Петербург 4 нафар муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ба чоҳ (шахта)-и лифт афтода, қабурғаҳояшон шикаст ва аз сутунмуҳра ҷароҳат бардоштанд, лекин мустақилона пои пиёда барои кумаки тиббӣ шитофтаанд, хабар медиҳад «Фонтанка.ру».

Бино ба маълумоти нашрия, ду тан аз онҳо бо қабурғаҳои шикаста, осеби устухони рон ва сутунмуҳра, ҳамчунин ҳолати сахти ҳарос аз ҷароҳат  дарҳол дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ шуда, як нафари дигар низ бо захми сар ва қабурғаҳои шикаста дар бемористон мондааст. Вазъи нафари чорум начандон вазнин буда, ӯ бистарӣ шуданро рад кардааст.

Гуфта мешавад, муҳоҷирон хабар додаанд, ки ба чоҳи лифт афтодаанд, лекин аз шарҳи ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ варзидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки синнусоли муҳоҷирон аз 31 то 38-соларо ташкил дода, ду нафар бародарон зодаи Ӯзбекистон ва ду нафари дигар аз Тоҷикистон мебошанд. Дар Петербург ба корҳои сохтмон машғул будаанд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.