Зери чархи тепловоз мондани духтари наврас дар Бӯстон

Дар маркази шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск)-и вилояти Суғд духтари наврасе зери чархи тепловоз монд. Ин ҳодисаи фоҷеабор нимаи дуюми рӯзи 28 август рух дода, ба қавли шоҳидон, бо вуҷуди хеле наздик омадани тепловоз, духтари 13-сола кӯшиш кардааст, ки илоҷе карда роҳи оҳанро гузарад. “Духтари наврас хеле шитоб дошт, лекин чунин ба назар расид, ки пойафзолаш […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Дар маркази шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск)-и вилояти Суғд духтари наврасе зери чархи тепловоз монд.

Ин ҳодисаи фоҷеабор нимаи дуюми рӯзи 28 август рух дода, ба қавли шоҳидон, бо вуҷуди хеле наздик омадани тепловоз, духтари 13-сола кӯшиш кардааст, ки илоҷе карда роҳи оҳанро гузарад.

“Духтари наврас хеле шитоб дошт, лекин чунин ба назар расид, ки пойафзолаш байни релсҳо дармонд. Ронанда (мошинист)-и теловоз низ талош кард, ки онро боздорад, лекин аздусар ба он расида гузашт ва ӯро ба масофаи чандин метр бо худ кашола карда бурд”, – гуфтанд шоҳидон.

Айни замон духтари наврас дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳрии Бӯстон бистарӣ аст. “Қисмати чапи баданаш осеб дидааст. Вазъи солимиаш вазнин арзёбӣ мешавад”, – хабар доданд дар бемористон.

Дар робита ба ин ҳодиса мақомоти прокуратураи маҳаллӣ тафтиш мегузаронад.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.