Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бузургтарин дар Осиёи Марказӣ аквапарк ҳусни оғоз мебахшад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамроҳ бо раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар маросими ба истифода додани бузургтарин аквапарк дар минтақаи Осиёи Марказӣ – “Кӯли Душанбе” иштирок мекунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Майдони фарогири аквапарк 15 гектарро ашкил медиҳад. Аз 31 август ҳамаи хоҳишмандон метавонанд аз ин аквапарк боздид намуда, аз хизматгузориҳои он […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамроҳ бо раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар маросими ба истифода додани бузургтарин аквапарк дар минтақаи Осиёи Марказӣ – “Кӯли Душанбе” иштирок мекунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Майдони фарогири аквапарк 15 гектарро ашкил медиҳад. Аз 31 август ҳамаи хоҳишмандон метавонанд аз ин аквапарк боздид намуда, аз хизматгузориҳои он барои истироҳату фароғат истифода баранд. Воридшавӣ барои кӯдакони қадашон то 140 см ва шахсони синни аз 50-сола боло бепул аст. Барои шахсони калонсоли дигар синнусол нархи воридшавӣ – 120 сомонӣ ва кӯдакон – 50 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар идома Сарвари давлат ва раиси шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Зарафшон бинои нави мактаби таҳсилоти умумии №96, дар кӯчаи Клара Сеткин коллеҷи хусусии иҷтимоӣ-тиббӣ ва дар кӯчаи Маҳмадулло Холов литесйи шаҳрии №3-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки бо дастури президенти Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар саросари кишвар беш аз 60 ҳазор иншооти нави таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба истифода дода мешаванд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.