Хотираи худро бисанҷед. Шумо ин китобҳоро хондаед?

Date:

Имрӯз, 4-уми сентябр, дар Тоҷикистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 ҳамчун Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Дар ин рӯз намоиш ва фурӯши китобҳо, маҳфили дӯстдорони китоб ва озмунҳои гуногун дар тамоми ҷумҳурӣ баргузор мешаванд. 

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз шуд. Дар он 49 корхонаи табъу нашр ва ташкилоту муассисаҳо зиёда аз 30000 китоби тозанашри худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ беш аз 1300 китобхонаи оммавӣ фаъолият доранд, ки хонандагон ҳамарӯза аз онҳо метавонанд адабиёти зарурӣ дастрас кунанд.

Вобаста ба ин рӯз мо як тести санҷишӣ дар заминаи асарҳои нависандагони шӯравии тоҷик тартиб додем. Аз рӯйи иқтибосҳо номи асарро дарёбед ва донишу хотираи худро бисанҷед.

 

 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...