Лутфан, дониши худро бисанҷед, ки шакли дурусти навишти калимаву ибораҳои тоҷикиро медонед ё не.
8-уми сентябр Рӯзи ҷаҳонии саводнокӣ аст. Ин рӯз аз тарафи ЮНЕСКО бо пешниҳоди “Конфронси ҷаҳонии вазирони маориф оид ба маҳви бесаводӣ”, ки соли 1965 дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд, қабул гардидааст. Мақсад аз таъсиси ин рӯз таъкиди зарурати саводнокӣ дар ҳаёти одамон аст. Бино ба маълумоти ЮНЕСКО, дар ҷаҳон беш аз 750 миллион калонсол бесавод буда, 250 миллион кӯдак аз таҳсил дур мондаанд.
Ба муносибати ин рӯз мо як суолномаи кӯтоҳ омода кардем. Сатҳи дониши худро бо дарёфти ҷавобҳои саҳеҳ муайян кунед.


