Эълони деринтизори Samsung дар бораи оғози фурӯши Galaxy Fold бо экрани қатшаванда

Ширкати Samsung рӯзи оғози фурӯши телефонҳо бо экрани қатшаванда – Galaxy Fold-ро эълон кард. Дар Кореяи Ҷанубӣ ин телефонро метавон рӯзи 6-уми сентябр харидорӣ намуд. Рӯзи 18-уми сентябр Galaxy Fold дар Франися, Олмон ва Сингапур ба фурӯш бароварда мешавад. Samsung алҳол хабар намедиҳад, ки смартфони нав кай дар дигар бозорҳо, аз ҷумла дар Британияи Кабир […]

Asia-Plus

Ширкати Samsung рӯзи оғози фурӯши телефонҳо бо экрани қатшаванда – Galaxy Fold-ро эълон кард. Дар Кореяи Ҷанубӣ ин телефонро метавон рӯзи 6-уми сентябр харидорӣ намуд. Рӯзи 18-уми сентябр Galaxy Fold дар Франися, Олмон ва Сингапур ба фурӯш бароварда мешавад.

Samsung алҳол хабар намедиҳад, ки смартфони нав кай дар дигар бозорҳо, аз ҷумла дар Британияи Кабир ва ИМА ба фурӯш гузошта мешавад. Тибқи баъзе маълумот, оғози фурӯш дар ИМА рӯзи 27-уми сентябр таъин шуда, лекин ширкат онро расман тасдиқ накардааст, менависад Медуза.

Нахуст оғози фурӯши Galaxy Fold моҳи апрел пешбинӣ гардида, ширкат ҳатто пешакӣ фармоишҳо қабул карда буд. Сабабҳои мавқуф гузошта шудани маросим оғози фурӯш номбар нашуда, аммо ин тасмим аз ҷониби Samsung баъди он гирифта шуд, ки журналистони телефони навро мавриди озмоиш қарордода аз вайрон шудану шикастани экран шикоят карданд.

https://www.youtube.com/watch?v=E9ydQoi2VbA

Пешбинӣ гардида буд, ки нахуст фурӯши Galaxy Fold дар Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА баргузор мешавад. Дар бозори ИМА нархи Galaxy Fold 1980 доллар муқаррар шуда буд.

Тирамоҳи соли 2019 ҳамчунин оғози фурӯши телефони дигар бо экрани қатшавандаи Huawei Mate X дар назар буд. Нахуст онро моҳи июн ба бозор бароварданӣ буданд, лекин бинобар сабаби мушкилот бо Galaxy Fold, маросимро ба чандин моҳ мавқуф гузоштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.