Бунёди иншооти энергетикӣ ба маблағи $2,4 млрд. дар солҳои соҳибистиқлолӣ

Дар Тоҷикистон айни замон 9 лоиҳаи энергетикӣ ба маблағи умумии беш аз 1,1 млрд. доллар амалӣ мешавад. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ояндаи наздик татбиқи боз 6 лоиҳа оғоз мегардад, ки арзиши умумии онҳо 212 млн. долларро ташкил дода, феълан корҳои зарурӣ барои дарёфти сармоягузорӣ ва интихоби паймонкорон ҷараён дорад. […]

Дар Тоҷикистон айни замон 9 лоиҳаи энергетикӣ ба маблағи умумии беш аз 1,1 млрд. доллар амалӣ мешавад. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ояндаи наздик татбиқи боз 6 лоиҳа оғоз мегардад, ки арзиши умумии онҳо 212 млн. долларро ташкил дода, феълан корҳои зарурӣ барои дарёфти сармоягузорӣ ва интихоби паймонкорон ҷараён дорад.

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 25 лоиҳа ба маблағи умумии 2,4 млрд. доллар дар бахши энергетика амалӣ шудааст.

Аз ҷумла, НБО “Сангтӯда-1” (670 МВт) ва НБО “Сангтӯда-2” (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” (400 МВт), нерӯгоҳҳои хурд (бо иқтидори умумии 30 МВт), ҳамчунин хатҳои интиқоли барқи сершумор мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар Вазорат бар ин назаранд, ки дастоварди аз ҳама муҳим ва беназири соҳа – моҳи ноябри соли 2018 ба кор даромадани агрегати якуми НБО «Роғун» буда, рӯзҳои наздик агрегати дуюми ин нерӯгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Бунёди ин иншоот имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба дастрасии комил ба истиқлоли энергетикӣ ноил шуда, ба пешрафтҳои назаррас дар рушди соҳаҳои гуногун ва таъмини зиндагии шоиста даст ёбад.

Қобили зикр аст, ки маросими баҳрабардорӣ аз агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун рӯзи 9-уми сентябр, дар ҷашни 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар маросими тантанавии мазкур иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе, ҳайати кормандони нерӯгоҳ ва намояндагони ВАО дар назар аст.

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пас аз мавриди истифода қарор гирифтани тамоми 6 агрегаташ ҳамасола то 13,4 млрд. киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол хоҳад кард, ки ба коркарди солонаи қариб ҳамаи иқтидорҳои энергетикии мавҷудаи Тоҷикистон баробар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.