Дар Ӯзбекистон кӯдакро зери навои карнайю сурнай ба мактаб фиристоданд

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба забони ӯзбекӣ навори видеои гусели кӯдак ба синфи якуми мактаб мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Навор дар Тошканд сабт гардида, сипас дар саҳифаи фейсбукии Uzbek Video  нашр шуд. “Анъанаи нав. Волидон писари худро бо чунин тарз ба мактаб гусел мекунанд”, – гуфта мешавад дар матни ин навор. Барои гусели фарзандашон ба мактаб волидон […]

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба забони ӯзбекӣ навори видеои гусели кӯдак ба синфи якуми мактаб мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Навор дар Тошканд сабт гардида, сипас дар саҳифаи фейсбукии Uzbek Video  нашр шуд.

“Анъанаи нав. Волидон писари худро бо чунин тарз ба мактаб гусел мекунанд”, – гуфта мешавад дар матни ин навор.

Барои гусели фарзандашон ба мактаб волидон сабукрави махсус зинатёфтаро фармоиш додаанд. Хоҳари кӯдак аз даромадгоҳи хона то мошин назди пойи ӯ баргҳои гул мепартояд. Ҳамчунин даромадгоҳ ва ҳавлии хона оро дода шудааст.

“Азия-Плюс” огаҳӣ ёфт, ки дар Душанбе низ чанде аз волидон фарзандони худро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ба мактаб гусел намуданд, лекин манбаи хабар сурат ва навори видеои онро пешниҳод накард.

Дар шабакаи интернет матолиб дар бораи чӣ гуна бори нахуст фарзандони худро ба мактаб гусел кардани шахсони маъруф низ ба нашр расидааст.

Аз ҷумла, чӣ тавр Ҳунарманди халқии Русия Филипп Киркоров фарзандони худ – Мартинаи 6-сола ва Алла-Викторияи 7-соларо ба мактаб гуселонидааст. Навори видеои ҷашни Рӯзи донишро ҳунарманд дар саҳифаи Instagram нашр кардааст.

“Ана имрӯз ҳам фаро расид! Фарзандонамро дар деҳаи хурдамон ба мактаб бурдам. Мартинаро ба синфи якум ва Алла-Викторияро ба синфи дуюм. Тамоми шаб мижа таҳ накарданд, тайёрӣ диданд, дар ҳаяҷон буданд, ташвишу изтироб доштанд… Азизонам, бо оғози ҳаёти нав ва албатта, бо ҷашни Рӯзи дониш табрик мегӯям!”, – навиштааст Киркоров.

Шоҳзода Уилям ва малика Кейт Миддлтонҳо фарзандони худро хоксорона ба мактаб гусел карданд. Навори видео дар аккаунти расмии Кохи Кенсингтон рӯзи 5 сентябр нашр шуда, онро қариб 5 млн. нафар тамошо кардаанд.

Дар зернавишти видео гуфта мешавад, ки малика Шарлотта ба синфи якуми мактаби Thomas's Battersea рафта, писари калонӣ – шоҳзода Ҷорҷ ба синфи сеюм гузаштааст. Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна фарзандони онҳо бо муаллима шинос мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.