Тоҷикистон соли оянда қариб $465 млн. қарзу грант дастрас карданист

Таҳиягарони Буҷети давлатии Тоҷикистон итминон медиҳанд, ки соли 2020 Душанбе ба сифати қарзу грант беш аз 4,5 млрд. сомонӣ (қариб 465 млн. доллар) маблағ дастрас карда метавонад, ки нисбат ба соли ҷорӣ қариб 274 млн. сомонӣ (ҳудуди 29 млн. доллар) зиёдтар аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз сохтори иқтисоди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд. Бино […]

Таҳиягарони Буҷети давлатии Тоҷикистон итминон медиҳанд, ки соли 2020 Душанбе ба сифати қарзу грант беш аз 4,5 млрд. сомонӣ (қариб 465 млн. доллар) маблағ дастрас карда метавонад, ки нисбат ба соли ҷорӣ қариб 274 млн. сомонӣ (ҳудуди 29 млн. доллар) зиёдтар аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз сохтори иқтисоди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, соли 2021 ҳаҷми қарзу грантҳо ба буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 5,4 млрд. сомонӣ (наздики 558 млн. доллар) ва соли 2022 зиёда аз 6,1 млрд. сомонӣ (ҳудуди 630 млн. доллар)-ро ташкил хоҳанд дод.

Соли равон қарзу грантҳо дар буҷети давлатӣ наздик ба 4,3 млрд. сомонӣ (қариб 444 млн. доллар) пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2018 ба ҳукумати Тоҷикистон иҷрои барзиёди нақшаҳо оид ба ҷамъоварии даромад ба буҷет бе кумаки беруна муяссар гардид. Ба буҷет 70 млн. сомонӣ (ҳудуди 7,5 млн. доллар) зиёдтар аз нақша маблағ ворид шуд.

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, камбуди воридоти маблағ ба буҷет дар соли гузашта аз ҳисоби ҷаримаҳо рӯйпӯш мегардид, ки дар ҷараёни санҷишҳои сайёр дар соҳаи тиҷорат ситонида мешуданд.

Мувофиқи пешгӯйиҳои ҳукумати Тоҷикистон, соли 2019 ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар 3 млрд. 108 млн. сомониро ташкил хоҳад дод.

Муддати се соли оянда афзоиши ҳаҷми қарзи беруна дар ҳаҷми 714 млн. доллар пешгӯӣ мешавад. Ҳамин тариқ, тибқи интизороти ҳукумат, охири соли 2020 қарзи хориҷӣ ба 3 млрд. 327 млн. ва аз рӯйи натиҷаҳои соли 2021 ба 3 млрд. 441 млн. доллар хоҳад расид.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.