Агентии омор: Нишондодҳои бахши сайёҳӣ дар 3 моҳ як бор нашр мешавад

Агентии омори назди президенти Тоҷикистон сабаби дар гузориши охиринаш “Вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон” нашр нашудани нишондодҳои бахши сайёҳиро шарҳ дод. “Гап сари он аст, ки мувофиқи барномаи корҳои оморӣ, коркарди нишондодҳо доир ба бахши сайёҳӣ дар 3 моҳ як маротиба нашр мешавад, на ҳар моҳ”, – қайд шудааст дар шарҳи ба идораи “Азия-Плюс” расидаи Агентӣ. Қобили зикр […]

Агентии омори назди президенти Тоҷикистон сабаби дар гузориши охиринаш “Вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон” нашр нашудани нишондодҳои бахши сайёҳиро шарҳ дод.

“Гап сари он аст, ки мувофиқи барномаи корҳои оморӣ, коркарди нишондодҳо доир ба бахши сайёҳӣ дар 3 моҳ як маротиба нашр мешавад, на ҳар моҳ”, – қайд шудааст дар шарҳи ба идораи “Азия-Плюс” расидаи Агентӣ.

Қобили зикр аст, ки дар сомонаи “Азия-Плюс” рӯзи 5-уми сентябр маводе нашр шуд, ки дар он оид ба мавҷуд набудани гӯшаи маълумот дар бораи бахши сайёҳӣ дар гузориши ҳармоҳаи Агентии омор сухан мерафт.

Гӯшаи сайёҳӣ дар ҳисоботи Агентии омор моҳи июни ҳамин сол пайдо шуда, акнун он вуҷуд надорад.

Қаблан ВАО-и Тоҷикистон чандин маротиба рақамҳоро дар бораи боздиди шумори сайёҳон аз Тоҷикистон зери шубҳа гузошта буданд.

Охири моҳи апрели соли равон роҳбари Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода ба вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, ки танҳо давоми се моҳи соли ҷорӣ 215 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

Агентии омор дар ҳисоботи моҳи июнаш зикр кард, ки нимсолаи аввали соли равон 604,2 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсадҳои гуногун аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Зикр гардида буд, ки шумори назарраси шаҳрвандони хориҷӣ – 524,8 ҳазор нафар (86,9% аз шумори умумӣ) бо корҳои шахсӣ ва ҳамагӣ 23,7 ҳазор нафар (3,9%) бо мақсади сайру саёҳат аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Вале баъд аз чанде Агентии омор қайд кард (на дар ҳисобот, балки шифоҳӣ ба рӯзноманигорон), ки қариб ҳамаи хориҷиёни ба Тоҷикистон меомада сайёҳон буда, шумори умумии онҳо дар нимсолаи аввал на 23 ҳазор, балки 604 ҳазор нафарро ташкил додааст…

Ёдрас мекунем, ки бо фармони президенти мамлакат солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.