Медали нуқраи Сабрина Абророва дар мусобиқаи шоҳмоти Ҳиндустон

Шоҳмотбоздухтари тоҷик Сабрина Абророва ба дарёфти медали нуқраи Чемпионати Осиёи Ғарбӣ оид ба рапид байни иштирокчиёни синни то 14-сола миёни духтарон шарафёб гардид. Мусобиқа дар пойтахти Ҳиндустон – Ню-Дели дар гурӯҳҳои синни 6, 8, 10, 12, 14, 16, 18 ва 20-сола оид ба навъҳои шоҳмоти рапид ва блитс ҷараён дорад. Дар рӯзи аввали мусобиқа шоҳмотбоздухтари […]

Шоҳмотбоздухтари тоҷик Сабрина Абророва ба дарёфти медали нуқраи Чемпионати Осиёи Ғарбӣ оид ба рапид байни иштирокчиёни синни то 14-сола миёни духтарон шарафёб гардид.

Мусобиқа дар пойтахти Ҳиндустон – Ню-Дели дар гурӯҳҳои синни 6, 8, 10, 12, 14, 16, 18 ва 20-сола оид ба навъҳои шоҳмоти рапид ва блитс ҷараён дорад.

Дар рӯзи аввали мусобиқа шоҳмотбоздухтари навраси тоҷик дар навъи рапид (шоҳмоти бозии тез) зинаи дуюмро ишғол карда, ба медали нуқра соҳиб шуд.

Вай аз 7 бозии гузаронидааш дар 5 бозӣ пирӯз ва 1 бозиро мусовӣ анҷом дода, аз ғолиби мусобиқа Роҳила Шивике аз Ҳиндустон шикаст хӯрд.

Котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов изҳори умедворӣ намуд, ки Сабрина дар навъҳои шоҳмоти маъмулӣ (стандарт) ва блитс ба дарёфти медалҳои тилло ноил хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқа 336 нафар шоҳмотбозон аз 10 кишвари Осиё иштирок дошта, натиҷаҳо 11-уми сентябр ҷамъбаст мешаванд.

Аз натиҷаҳои мусобиқа метавон дар сомонаи chess-results.com маълумоти зарурӣ дарёфт намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.