Ҳалокати ҷавони тоҷик дар сохтмони Санкт-Петербург

Дар майдони сохтмони бинои истиқоматии 14-ошёна дар вилояти Ленинград коргари 22-сола аз Тоҷикистон ҳалок шуд. Бинокори ҷавон 4-уми сентябр дар майдони сохтмони маҷмааи “Три кита” бо суроғаи Петровский бульвар, 2 дар Мурино, ки “Лидер групп” ба бунёди он машғул аст, ба ҳалокат расид, хабар медиҳад 47news.ru. Бино ба маълумоти пешакӣ, ӯ аз ошёнаи 7-ум ба […]

Дар майдони сохтмони бинои истиқоматии 14-ошёна дар вилояти Ленинград коргари 22-сола аз Тоҷикистон ҳалок шуд.

Бинокори ҷавон 4-уми сентябр дар майдони сохтмони маҷмааи “Три кита” бо суроғаи Петровский бульвар, 2 дар Мурино, ки “Лидер групп” ба бунёди он машғул аст, ба ҳалокат расид, хабар медиҳад 47news.ru.

Бино ба маълумоти пешакӣ, ӯ аз ошёнаи 7-ум ба замин афтода, ҷасади ӯро дар ошёнаи дуюм дарёфтаанд.

Дар хадамоти матбуоти ширкати “Лидер групп” ҳалокати коргари ташкилоти паймонкорро тасдиқ кардаанд.

“Ӯ дар чоҳҳо (шахтаҳо) машғули кор буд. Қитъаи кор бо риояи ҳамаи меъёрҳо ба ихтиёри ташкилоти паймонкор дода шуда буд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолатҳои рух додани ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Корҳои сохтмон айни замон идома доранд”, -гуфтанд дар ширкат.

Дар ҳамин ҳол, ҳомии ҳуқуқи тоҷик Иззат Амон дар саҳифааш дар Facebook навиштааст, ки фавтида зодаи шаҳри Исфара Ҳикматхӯҷа Собитов буд. Марҳум рӯзи 14-уми сентябр зодрӯз дошта, ба синни 23-солагӣ мерасид. Ҳамкоронаш ба ҷамъоварии маблағ барои фиристодани ҷасади ӯ ба зодгоҳ оғоз кардаанд.

Мувофиқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли 2018 аз Русия ба Тоҷикистон 966 тобути фавтидагон интиқол гардидааст, ки 25 нафари онҳо кушта шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.