Пирӯзии футболбозони тоҷик дар бозии аввали марҳилаи интихобии чемпионати ҷаҳон

Мунтахаби футболи Тоҷикистон мусобиқаи марҳилаи дуюми даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футболро дар гурӯҳи «F» бо пирӯзӣ оғоз намуд. Дар майдони худ шогирдони Усмон Тошев бо ҳисоби 1 бар 0 тими мунтахаби Қирғизистонро шикаст доданд. Тӯби ягонаро дар дақиқаи 42-юм Алишер Ҷалилов ба ҳадаф расонид, ки бори нахуст ба дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ даъват шудааст, […]

Мунтахаби футболи Тоҷикистон мусобиқаи марҳилаи дуюми даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футболро дар гурӯҳи «F» бо пирӯзӣ оғоз намуд.

Дар майдони худ шогирдони Усмон Тошев бо ҳисоби 1 бар 0 тими мунтахаби Қирғизистонро шикаст доданд. Тӯби ягонаро дар дақиқаи 42-юм Алишер Ҷалилов ба ҳадаф расонид, ки бори нахуст ба дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ даъват шудааст, хабар медиҳад сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозии Тоҷикистону Қирғизистонро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе 17 ҳазору 800 нафар мухлисон тамошо карданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «F» мунтахаби Муғулистон дар майдони худ тими Мянмаро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб кард.

Бозии дуюми мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо дастаи Муғулистон баргузор мешавад. Ин бозӣ рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батор соати 14:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.