«Рӯзҳоеро дар хотир дорам, ки…”. Ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи “Роғун”

Asia-Plus

“Сафарҳои аввалинамро ба майдони сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар хотир дорам. Он замон натанҳо мутахассисон, балки худам ҳам савол мегузоштам, ки оё мо Роғунро бунёд карда метавонем? Ва имрӯз тамоми сокинони Тоҷикистон шоҳиди рӯйдоди навбатии хурсандиовар – бакорандозии агрегати дуюми ин манбаи рӯшноӣ гардиданд, ки бо иродаи қавӣ, шуҷоату матонат ва заҳмати шабонарӯзии мутахассисону сохтмончиёни ватандӯсту шуҳратманд таъмин карда шуд”, – гуфт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми НБО «Роғун».

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону мутахассисони ҳамаи ширкатҳои хориҷӣ барои ҳамкории софдилона ва заҳмати аҳлона бо муҳандисону коргарони Тоҷикистон аз номи ҳукумат ва халқи тоҷик изҳори сипос кард.

“Давлат ва ҳукумати мамлакат ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» афзалияти махсус медиҳад. Бояд таъкид намоям, ки мо ба маблағгузории нерӯгоҳи “Роғун” эътибори аввалиндараҷа медиҳем. Ҳама гуна кори имконпазирро анҷом хоҳем дод, то ки сохтмони ин иншоот бе маблағгузорӣ намонад, шароит фароҳам меорем, то ки суръати сохтмон кам нашавад. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри мо ба як давлати нерӯманду пешрафта ва Ватани маҳбуби тоҷикон ба мулки боз ҳам ободу осуда табдил меёбад”, – таъкид дошт Сарвари давлат.

Гуфта мешавад, ин чорабинии муҳимро беш аз 140 нафар рӯзноманигори дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд.

Сарбанди Роғун айни замон то сатҳи 1065 метр аз сатҳи баҳр бардошта шудааст ва дар он 6 миллион метри мукааб масолеҳи сохтмон рехтаву қабат ба қабат хобонида шудааст. Ҳоло сатҳи оби обанбор ба 1058 метр расонида шудааст ва он имкон фароҳам меорад, ки ду агрегати навбати аввали нерӯгоҳ фаъолият намоянд.

Зикр мешавад, ки дар обанбори “Роғун” то имрӯз ҳамагӣ тақрибан  200 миллион метри мукааб об ҷамъ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки 29-уми октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” оғоз гардида буд. 16-уми ноябри соли 2018 Президенти Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми НБО “Роғун”-ро ба кор дароварда, ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар такони ҷиддӣ хоҳад дод, оғоз бахшида буд.

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пуриқтидортарин иншооти силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО-и “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...