Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Улан-Батор байни дастаҳои мунтахаби футболи Муғулистон ваТоҷикистон бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол доир мегардад;

– Дар Ҳиндустон мусобиқаи Осиёи Ғарбӣ оид ба шоҳмот байни наврасон ва ҷавонон ба итмом мерасад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Сабрина Абророваи 14-сола намояндагӣ мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6860 сомонӣ;

1 евро – 10.6846 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1467 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2008 — Дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент дар доираи таҷлили ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти классикиии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи оромгоҳи шоир баргузор шуд.

2009 — Дар Душанбе маросими муаррифии китоби президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то сомониён» бо забони ҳиндӣ доир гардид.

2010 – Дар Тоҷикистон пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот бароварда шуданд.

1933 – Зодрӯзи доктори улуми биологӣ Усмон Мамадқулов.

1935 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Назришо Сӯфиев.

1936 – Зодрӯзи шоир ва драматург Зариф Ибод.

1939-1984 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мастибек Паллаев.

1945 – Зодрӯзи ҳуқуқшинос Бобоҷон Бобохонов.

1947 – Мавлуди ҳунарпешаи балет Татяна Холова.

1948 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон ва арбоби давлатӣ Иброҳим Усмонов.

1953 – Мавлуди доктори улуми кишоварзӣ Толиб Набиев.

1967 – Зодрӯзи рӯзноманигор Абдуқаюми Қаюмзод.

1971 – Мавлуди журналист Рухсораи Нур.

1973 – Зодрӯзи журналист Хуршед Ниёзов (Хуршеди Атовулло).

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 10 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...