Усмон Тошев: «Мо барои се имтиёз ба Улан-Батор омадем»

Asia-Plus

Дар Улан-Батор имрӯз байни дастаҳои мунтахаби футболи Муғулистон ваТоҷикистон бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол  дар гурӯҳи «F» доир мегардад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, доварон аз Сурия таҳти сарварии довари ФИФА Ханна Хаттаб дар ин бозӣ ҳакамӣ мекунанд.

Дар нишасти хабарии пеш аз вохӯрӣ сармураббии тими Тоҷикистон Усмон Тошев изҳор намуд, ки Тоҷикистон ба ин бозӣ хеле ҷиддӣ омодагӣ мегирад.

“Муғулистон ҳам дар бозии аввал дар гурӯҳ ғолиб омад. Мо бозии онҳоро бо Мянма мавриди омӯзиш қарор додем. Тими Муғулистон дастаи хуб буда, моро бозии шавқовар интизор аст. Мо барои дарёфти се имтиёз ба Улан-Батор омадаем”, – гуфт сармураббии тими Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки вохӯрӣ байни дастаҳои Муғулистон ва Тоҷикистон дар Улан-Батор соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...