Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Варшава Ҷаласаи САҲА оид ба арзёбии ҳуқуқи башар доир мегардад. Тоҷикистонро дар он ҳайати ҳукумати таҳти роҳбарии ёвари президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода намояндагӣ мекунад;

– Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, инчунин дигар мақомот дар бораи ҳидояти насли ходимон ва муҳаққиқони ҷавон ба фаъолияти муассир дар ҷаҳони глобалӣ, инҷунин дипломатияи фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ва АвруОсиё конфронс баргузор мекунад. Конфронс соати 08:30 дар толори Донишгоҳ оғоз мегардад;

– Дар Makerspace Душанбе (кӯч. Толстой), 66 оид ба ҳунарҳои мардумӣ машғулиятҳо баргузор мешаванд, ки ба ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба роҳандози истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ ва рушди минбаъдаи фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик нигаронида шудааст. Оӯоз соати 15:00;

– Дар мусобиқаи Чемпионати CAFA дар Тошканд байни мунтахабҳои занонаи наврасони то синни 15-сола дастаи Тоҷикистон бо тими Қирғизистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Лоомотив” соати 12:00 оғоз мегардад;

– Дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “А” дар Урдун вохӯрии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолонашон аз Шри-Ланка доир мегардад. Бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.  

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6906 сомонӣ;

1 евро – 10.7575 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1503 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал

2002 — Дар Душанбе нахустин Конфронси байнулмилалии Иттиҳодияи омӯзиши мардуми форсизабон шурӯъ шуд.

2018 – Дар Душанбе Фестивали III байнулмилалии филмҳои кӯтоҳмуддати “Навсоз” баргузор шуд.

1927-1997 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, профессор Музаффар Искандаров.

1937 – Мавлуди олими зилзилашинос, академик Собит Неъматуллоев.

1945 – Зодрӯзи журналист Боймамад Алибахшев.

1953 – Мавлуди рӯзноманигор Козим Давронов.

1958 – Зодрӯзи нависанда Низом Қосим.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...