Телевизиони “Мир” зебоиҳои Тоҷикистонро намоиш дод

Asia-Plus

Ровиёни барномаи “С миру по нитке” (Хӯшае аз ҳар гӯшае) аз Тоҷикистон боздид карданд. Барнома рӯзи якшанбе дар шабакаи телевизиони «Мир Premium» ва «Мир 24» намоиш дода шуд.

Сергей Беликов ва Александра Корчагина барои дарки зебоӣ ба гунаи тоҷикӣ талош варзиданд, қаламрави ҳаммарз бо Афғонистонро тамошо карданд, бо бадахшиҳои кабудчашм вохӯрда, аз хӯрокҳои миллӣ тановул карданд.

Рӯзи аввал Алесандара бо супориши Сергей Беликов ба Хонаи миллии мӯд дар Душанбе рафт. Ӯ дар он ҷо либосҳои тарроҳ Хуршед Сатторовро пӯшида, ба рангорангии нақшу нигори миллӣ баҳо дод.

“Нақшу нигору гулдӯзӣ. Сарулибоси ҳамарӯзаест, ки метавон онро дар ҳамин ҷо ва ҳозир харидорӣ кард. Мефаҳмед, ҳамаи ин дар ҳамин ҷо ҳаст. Ва боз ман фаҳмидам, ки дар ҳар кадом аз минтақаҳои Тоҷикистон сарулибос ва нақшу нигори алоҳида ҳаст. Масалан, кӯлобӣ ё помирӣ. Бубинед, чӣ қадар зебост. Вақте ба ин ҷо меоед, натанҳо онро ба қаду баратон чен мекунед, балки дар бораи сарулибоси маъмулии Тоҷикистон маълумоти муфассал дармеёбед”, – иброз дошт Александра.

https://www.youtube.com/watch?v=OFBNDelytKo

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...