Жээнбеков доир ба вазъ дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон машварат баргузор кард

Asia-Plus

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков имрӯз, 17 сентябр бо иштироки роҳбари Дастгоҳи президент Досалӣ Эсеналиев, котиби Шӯрои амният Дамир Сагинбоев, вазири корҳои хориҷӣ Чингиз Айдарбеков ва мудри шуъбаи сиёсати хориҷии Дастгоҳи президент Дониёр Содиқов доир ба вазъ дар сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон машварат баргузор кард.

Сарвари давлати ҳамсоя гуфтааст, ки аз замони пайдо шудани муноқиша дар қитъаи сарҳад дар вилояти Ботканд маълумоти фаврӣ пурра ба ӯ мерасидааст. Дар ин бора АКИпресс хабар медиҳад.

Иштирокдорони машварат дар бораи гуфтушунидҳои қаблан доиршуда бо намояндагони мақомоти марбутаи Тоҷикистон маълумот доданд.

Бори дигар қайд шудааст, ки силоҳи оташфишон аввал аз ҷониби Тоҷикистон истифода гардидааст.

Сооронбой Жээнбеков зарурати минбаъд роҳ надодан ба шиддатёбии вазъ, инчунин гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолии маҳаллӣ таъкд доштааст. Ҳамчунин зикр шудааст, ки дар сурати зарурат маҷруҳонро ба бемористонҳои Бишкек меоранд.

Президент ба наздикону пайвандони сарбози гурӯҳи таъиноти махсуси “Бору”-и Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон Равшан Муминов, ки зимни адои хизмат ҳалок шуд, изҳори ҳамдардӣ кард.

Сооронбай Жээнбеков таъкид доштааст, ки ба эътидол овардани вазъ бояд қатъиян дар доираи ҳуқуқи байнулмилалӣ ва созишҳои қаблан ҳосилшуда сурат пазирад, ки ин нукта чандин маротиба зимни гуфтушунидҳо бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, тавре 24.kg хабар медиҳад, наздики 20 нафар дар Бишкек назди гулгашти бинои Жогорку Кенеш ба намоиши эътирозӣ баромадаанд.

Ба ин тариқ онҳо тасмим гирифтаанд, ки вобаста ба вазъ дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон изҳори норизоӣ кунанд.

“Кормандони милитсия ғайриқонунӣ будани ин намоишро фаҳмонданӣ шудаанд, зеро саркардагони тазоҳурот бояд пешакӣ шаҳрдории пойтахтро дар ин бора огоҳ мекарданд. Байни гирдиҳамомадагон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муноқишаи лафзӣ сурат гирифта, кормандони милитсия чанд нафарро боздошт карданд”, – иттилоъ додааст хабаргузорӣ.

Ёдрас мекунем, ки шоми 16-уми сентябр бар асари низои мусаллаҳона бо сарҳадбонони қирғиз се хизматчии ҳарбии Тоҷикистон ҳалок шуданд.

Айи замон, тибқи маълумоти ҳар ду ҷониб, вазъ дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон нисбатан муътадил аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...