Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд

Мӯсои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон Қоҳир Расулзода ва Муҳаммедкалӣ Абилгазиев дар сарҳад вохӯрданд.

Вохӯрӣ рӯзи 17-уми сентябр дар гузаргоҳи назоратии “Гулистон – Қизил-Бел” доир гардид. Дар ин бора Акиpress.org хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот масоили андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар пайи муноқишаи рухдода баррасӣ шудааст.

Роҳбарони ҳукуматҳои ду кишвар аз ҳалокати одамон дар муноқиша изҳори таассуф карда, ба наздикону пайвандони фавтидагон таслият арз карданд.

Бо супориши онҳо муовинони сарвазирони ҳар ду кишвар, ки масъули музокироти вобаста ба ин қазия мебошанд, инчунин роҳбарони мақомоти сарҳадбонӣ имрӯз, 18-уми сентябр дар маҳалли ҳодиса ба кори муштарак ҷиҳати дарёфти роҳҳали мушкилоти пайдошуда идома медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки оид ба гуфтушунидҳо бо Қирғизистон дар масъалаи баҳсҳо дар сарҳад масъул аст, дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки таҳқиқи тирандозии маргбор дар сарҳад оғоз шудааст.

Азим Иброҳим қайд кардааст, ки вазъият дар сарҳад айни замон нисбатан ором буда, ягон ҷанҷол нест.

“Мо ҷонибдори он ҳастем, ки оромӣ бошад. Ҳеҷ кас намехоҳад, мардум маҷруҳ шавад ё фавтад. Ҳамаи кӯшишҳо ба он аст, ки вазъият ором шавад ва мардум ба ҳаёти осоишта баргарданд", – гуфтааст ӯ.

Муовини сарвазири Тоҷикистон инчунин зикр кардааст, ки "масъала ниҳоят решаи кӯҳна дошта, баҳси яксола ё дусола нест, балки даҳсолаҳо аст”.

“Баъзан дар расонаҳо маълумоте чоп мешаванд, ки воқеиятро бозгӯ намекунанд. Ин масъала бисёр ҳассос аст. Баъзе ҷузъиётро шарҳ додан намехоҳам. Бо маълумоти сарсарӣ ва нашри назари одамоне, ки маълумоти пурра надоранд, нашри мавод дар ин мавзуъ ба манфиати кор нест. Манзури ман нашри ҳуҷҷату аксу наворҳо ҳаст. Лекин муҳим барои мо ҳамин аст, ки мардум тинҷу осоишта дар сарҳад бошанд, бо ҳам равуо кунанд, дӯст бошанд. Ҳамон гуна, ки пештар буд. Масъалаҳо ҳалшаванда ҳастанд, аммо вақтро талаб мекунанд, муҳокимаро талаб мекунанд. Мутаассифона, музокираҳо тӯл мекашанд, вале як қисм мондааст. Қисми зиёди онҳо дар умум ҳалли худро пайдо кардааст. Барои мо муҳим аст, ки на танҳо касе талаф наёбад, балки ҷароҳат набардорад", – иброз доштааст Азим Иброҳим.

Дар ҳамин ҳол, Вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду кишвар ба сафорати ҷониби дигар  ёддоштҳои эътирозӣ (нотаҳо) супориданд.

Бар асари муноқишаи шоми 16-уми сентябр дар қаламрави байни ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон 4 нафар аз ҳар ду ҷониб кушта ва чандин нафар захмӣ шуданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...