Путин гирифтани шаҳрвандии Русияро барои мутахассисони баландихтисос осон кард

Asia-Plus

Президенти Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки барои мутахассисони баландихтисос гирифтани шаҳрвандии Русияро осон мекунад. Дар ин бора «Комсомольская правда» иттилоъ медиҳад.

“Муҳлати собиқаи кории зарурӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия барои мутахассисони баландихтисос аз се то як сол кам шуд. Тағйирот ба мутахассисони ҳирфаии машғули кор аз рӯйи касб, ки дар рӯйхати махсус зикр шудааст, дахл дорад”, – хабар медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ин ҷо сари табибон, дорусозон, муҳандисон, математикҳо ва дигар касбҳо сухан меравад. Онҳо шиносномаи русиягиро бо тартиби содашуда – бе риояи шартҳои муҳлати иқомат дар кишвар гирифта метавонанд.

“Давоми шаш моҳи соли 2019 беш аз 15 млн. нафар хориҷиён ба Русия ворид шудаанд, ки 2,4 млн. нафарашон расман дар бораи нияти ба кор даромадан хабар додаанд. Доир ба шумори саҳеҳи мутахассисони баландихтисос аз ин шумор маълумот дода намешавад”, – иттилоъ медиҳад «Комсомольская правда».

Ҳамчунин Вазорати рушди иқтисоди Русия ҷорӣ кардани як қатор тадбирҳоро пешниҳод кардааст, ки ҷалби чунин мутахассисон аз хориҷи кишвар осонтар шавад. Аз ҷумла, коҳиши ҳадди музди меҳнат ва тасдиқи фосилавии сатҳи тахассус.

Рӯйхати пурраи мутахассисон бо ин суроға қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Қурбони Собир: “Тоҷикони Самарқанду Бухоро бетарафанд ва аз ҳувияти худ дарак намедиҳанд”

Бахши дуввуми мусоҳиба бо иҷрокунандаи нақши Ҷомӣ дар филми "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар бораи ҳувияти миллӣ ва забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.