Путин гирифтани шаҳрвандии Русияро барои мутахассисони баландихтисос осон кард

Президенти Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки барои мутахассисони баландихтисос гирифтани шаҳрвандии Русияро осон мекунад. Дар ин бора «Комсомольская правда» иттилоъ медиҳад. “Муҳлати собиқаи кории зарурӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия барои мутахассисони баландихтисос аз се то як сол кам шуд. Тағйирот ба мутахассисони ҳирфаии машғули кор аз рӯйи касб, ки дар рӯйхати махсус зикр шудааст, […]

Президенти Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки барои мутахассисони баландихтисос гирифтани шаҳрвандии Русияро осон мекунад. Дар ин бора «Комсомольская правда» иттилоъ медиҳад.

“Муҳлати собиқаи кории зарурӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия барои мутахассисони баландихтисос аз се то як сол кам шуд. Тағйирот ба мутахассисони ҳирфаии машғули кор аз рӯйи касб, ки дар рӯйхати махсус зикр шудааст, дахл дорад”, – хабар медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ин ҷо сари табибон, дорусозон, муҳандисон, математикҳо ва дигар касбҳо сухан меравад. Онҳо шиносномаи русиягиро бо тартиби содашуда – бе риояи шартҳои муҳлати иқомат дар кишвар гирифта метавонанд.

“Давоми шаш моҳи соли 2019 беш аз 15 млн. нафар хориҷиён ба Русия ворид шудаанд, ки 2,4 млн. нафарашон расман дар бораи нияти ба кор даромадан хабар додаанд. Доир ба шумори саҳеҳи мутахассисони баландихтисос аз ин шумор маълумот дода намешавад”, – иттилоъ медиҳад «Комсомольская правда».

Ҳамчунин Вазорати рушди иқтисоди Русия ҷорӣ кардани як қатор тадбирҳоро пешниҳод кардааст, ки ҷалби чунин мутахассисон аз хориҷи кишвар осонтар шавад. Аз ҷумла, коҳиши ҳадди музди меҳнат ва тасдиқи фосилавии сатҳи тахассус.

Рӯйхати пурраи мутахассисон бо ин суроға қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.