Тағйирот ба КҶ: 3 соли зиндон барои додани симкорт ба шахси дигар

Барои вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ва ба соҳибияти каси дигар додани он тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои 3 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, баъд аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ, тибқи моддаи 341, замимаи 1, […]

Барои вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ва ба соҳибияти каси дигар додани он тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои 3 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, баъд аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ, тибқи моддаи 341, замимаи 1, дар ҳолати вайрон гардидани санадҳои мазкур то 82 ҳазору 500 сомонӣ ё худ 8,5 ҳазор доллар ҷарима ва то 3 соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст.

ВКД менависад, ки вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ чунин кирдор содир шуда бошад, бо ҷарима ба андози аз шашсад то ҳаштсад (аз 33000 то 44000 сомонӣ ё худ 4,5 ҳазор доллар) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Инчунин бар асоси матлаби нашршудаи ВКД, “дар ҳолати ғайриқонунӣ пайваст кардани симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ё аз ҷониби истифодабаранда ба соҳибияти каси дигар додани симкорт, агар он дар содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ё экстремистӣ истифода гардида бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то якуним ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то се сол ҷазо дода мешавад”.

Бар асоси тағйироте, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шудааст, барои нақзи қоидаҳои пайвасткунии симкорт дар сурати набудани аломатҳои ҷиноят, аз 5 ҳазору 500 то 55 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки бо мақсади дар амал ҷорӣ кардани Қарори ҳукумати ҶТ аз 30-юми апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» ҷиҳати дубора бақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми августи соли равон аз нав ба қайд мегирифтанд. Вале Ҳукумати кишвар муҳлати дубораи бақайдгириро то 15-уми феврали соли 2020 тамдид кард. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.