Боррасони тоҷикистонӣ як наврасро дар Маскав наҷот дод

Шаҳрванди Тоҷикистон Баҳром Ғуломқодиров, ки дар «Яндекс.Еда» ба сифати боррасон (курйер) кор мекунад, як наврасро, ки худашро аз тиреза бе берун партофтанӣ буд, наҷот дод. Дар ин бора нашрияи “Такие дела” хабар медиҳад. Бино ба маълумоти нашрия, ҳангоми фармоишро расонидан Ғуломқодиров дар кӯчаи Татишев дар тирезаи хонаи ошёнаи дуюми бино наврасеро мебинад, ки гиря карда, бо […]

Шаҳрванди Тоҷикистон Баҳром Ғуломқодиров, ки дар «Яндекс.Еда» ба сифати боррасон (курйер) кор мекунад, як наврасро, ки худашро аз тиреза бе берун партофтанӣ буд, наҷот дод. Дар ин бора нашрияи “Такие дела” хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти нашрия, ҳангоми фармоишро расонидан Ғуломқодиров дар кӯчаи Татишев дар тирезаи хонаи ошёнаи дуюми бино наврасеро мебинад, ки гиря карда, бо касе дар хона ҷанҷол дошт ва худро ба берун партофтанӣ буд.

Баҳром зуд назди бино омада, бо қубури интиқоли газ ба ошёнаи дуюм мебарояд ва наврасро ба хона тела медиҳад. Он ҷо модари ӯ ҳузур дошт.

Баъди ором шудани писарбача, Баҳром аз хона берун шуда, барои иҷрои фармоиши доштааш рафтааст.

Модари наврас ба дафтари кории хадамоти боррасон занг зада, изҳори сипос кард. Дар «Яндекс.Еда» ваъда доданд, ки ба боррасони тоҷикистонӣ мукофотпулӣ медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.