Сайёҳони дар кӯҳҳои ВМКБ наҷотёфтаро ба “Истиқлол” оварданд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҳамдастӣ бо наҷотбахшони Оҷонсии Оғо Хон Ҳабитат дар ВМКБ амалиёти муваффақонаи наҷоти 4 сайёҳи исроилиро гузарониданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, рӯзи 17-уми сентябр ба қисми навбатдорӣ хабар расид, ки дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр чор сайёҳи исроилӣ паёмаки «SOS» (Наҷот диҳед) фиристоданд.

“Дарҳол аз шумори наҷотбахшони дастаи Кумита дар ВМКБ бо ҷалби ёварони ихтиёрии Оҷонсии Бунёди Оғо Хон Ҳабитат барои ҷустуҷӯ як гурӯҳ ташкил шуд. Зимнан муайян гардид, ки чор сайёҳи аз 23 то 26-сола бо шумули як ҷавонзан дар наздикии мавзеи Кулини ҷамоати деҳоти Вамдқалъаи ноҳияи Шуғнон, дар баландии 4700 метр қарор доранд”, – иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, чун баромадан ба ин баландӣ бо автомашина ва чархбол имкон надошт, наҷотбахшон бо истифода аз аспҳо ва лавозимоти махсус 20 километрро пиёда тай карда, рӯзи 19-уми сентябр ба маҳалли ҳодиса ҳозир шудаанд.

“Дар ҷойи ҳодиса ба Бену Моше Шайи 23-сола ёрии аввалияи тиббӣ расониданд ва субҳи 20-уми сентябр фурудоӣ оғоз шуд. Рӯзи 21-уми сентябр онҳо то кӯли Сарез поин омада, сипас бо қаиқи Кумита ба майдони парвози чархбол ва аз он ҷо ба Хоруғ расонида шуданд. Ду нафар сайёҳон дар Хоруғ монда, ду нафари дигар ба бемористони “Истиқлол”-и Душанбе оварда шуданд”, – гуфт Умеда Юсуфӣ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хотиррасон мекунад, ки пеш аз тамошо рафтан ба мавзеи кӯҳистон дар хадамоти наҷотдиҳӣ худро ба қайд гузоштан зарур аст.

Ҳамчунин, ба қавли Умеда Юсуфӣ, ҳаноми танҳо ба тамошои кӯҳ рафтан, пайвандону наздиконро дар ин бора огоҳ кардан, бо худ гирифтани миқдори зарурии ғизо ва об, доруворӣ, либоси гарм ва телефони мобилӣ лозим аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...