Бозии дӯстона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар майдони варзишии воқеъ дар қитъаи баҳсии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 23-юми сентябр бозии дӯстонаи футбол доир гардид. Дар он сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва деҳаи Максати ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон иштирок карданд. 

Ҳайати дастаҳо аз ҳар ду ҷониб аз 5-нафарӣ иборат буд. Вохӯрӣ мусовӣ – бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт, иттилоъ медиҳад хабаргузории turmush.kg

Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба футболбозон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, ҳокими ноҳияи Лайлак Боймурод Бекмуродов онҳоро бо мукофотпулӣ сарфароз гардонид.

Бозии футбол ба хотири таҳкими муносибатҳои дӯстона байни ду кишвар баргузор шуда, ба тарғиби пешбурди тарзи ҳаёти солим равона шудааст.

“Умедворем, ки рӯйдодҳои рӯзи 16 сентябр дар сарҳад дигар такрор нашуда, дар ин майдони варзишӣ мо ҳарчи бештар чорабиниҳои муштарак  мегузаронем. Имрӯз вазъ амну ором аст. Хизматчиёни ҳарбии хадамоти марзбонӣ сарҳадро посбонӣ карда, кормандони милитсия тартиботи ҷамъиятиро таъмин карда истодаанд”, – гуфт Боймурод Бекмуродов.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи низои шоми 16-уми сентябр дар мавзеи ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се афсару сарбози тоҷик ва як марзбони қирғиз ҷон бохтанд. Ба ҷуз ин, аз ҷониби Тоҷикистон панҷ низомӣ ва занону ду нафар кӯдак захмӣ шуданд. Дар бораи 13 нафар захмиён Вазорати тандурустии Қирғизистон низ хабар дод.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...